Сафари бонувони хатлон ба вилояти Суғд

Сафари бонувони Хатлон ба вилояти Суғд: ошноӣ бо вазъи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

72
(Таҷдидшуда 16:37 26.10.2019)
Бонувони фаъоли Хатлон ба вилояти Суғд сафар карданд то дар як қатор ҳамишҳову конфронсҳо бахшида ба вазъи занон дар ҷумҳурӣ иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, як гуруҳ бонувон аз вилояти Хатлон барои мубодилаи таҷриба ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

“Сафари бонувони вилояти Хатлон ба вилояти Суғд бо ташабуси Кумитаи кор бо занон ва оили назди Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, меҳмонон тули чанд рӯз бо рафти иҷрои Қонни Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар вилояти Суғд шинос гардиданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки бонувони Хатлон аз ҷумла бо фаъолияти утоқи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Исфара шинос шуданд.

Инчунин бонувон ба Маркази захиравии занони Ташкилоти  ҷамъиятии “АЗИТ”  рафта аз наздик аз фаъолияти ин марказ ошно шуданд.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ бонувони Хатлон қарор аст, дар як қатор ҳамоишу конфронсҳо иштирок намоянд.

72
Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, конфронс, ҳамоиш, бонувон, сафар, Суғд, Хатлон