Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкЗенитно-ракетная система С-300. Архивное фото
Зенитно-ракетная система С-300. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки системи дифоъи зиддимушакии “Фаворит” дар Тоҷикистон барои ҳимояи пойгоҳи низомии 201-уми Русия насб карда мешавад. Қаблан мушакҳои С-300 танҳо дар ихтиёри артиши Қазоқистон қарор дошт

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Системи дифоъи зиддимушакии “Фаворит” ё С-300 бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории РБК дар истинод ба Вазорати дифои Русия.

Туркия аз Русия системи мушакии С-400 "Триумф" мехарад

Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати дифои Русия системи дифоъи зиддимушакии “С-300”-ро ба наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон интиқол додааст.

“С-300 аввалин системи дифоъи зиддимушакии аст, ки Русия онро дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки нируӯҳои муштараки кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд,  насб кардааст. Миёни кишварҳои Осиёи марказӣ аз мушакҳои С-300 танҳо дар артиши Қазоқистон дида мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, мушакҳои С-300 дар Тоҷикистон барои ҳимояи пойгоҳи низоими 201-уми Русия насб карда мешавад.

Мушакҳои С-300 яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст, ки илова бар ҳавопаймо метавонад мушакҳои болистикро ҳам бизанад.

Лентаи хабарҳо
0