С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой

Зулайхо Маҳмадшоева зеботарин лаҳзаи зиндагиашро нишон дод - акс

1213
(Таҷдидшуда 14:43 27.10.2019)
Сарояндаи саршиноси тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифааш дар Instagram дар бораи беҳтарин лаҳзаи зиндагиаш нақл кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифааш дар инстаграм аксеро нашр кардааст, ки дар он нафари наздикаш бу ӯ гулдастаи зебое тақдим кардааст. 

Зулайхо ин лаҳзаро аз зеботарин лаҳзаи ҳаёташ ном бурдааст.

"Зеботарин лаҳзаи зиндагӣ ҳамон аст, ки эҳсос мекунӣ нафаре ҳаст ҳамеша дар фикри хушбахт кардани ту талош мекунад", - навиштааст сароядар дар саҳифааш дар Instagram.

Пештар Зулайхо Маҳмадшоева гуфта буд, чӣ гуна бояд зист.
Ӯ дар саҳифааш дар инстаграм мардуми Тоҷикистонро насиҳат карда буд, ки ба гапи мардум гӯш надиҳанд.

Насиҳати Зулайхо Маҳмадшоева ба мардуми Тоҷикистон

"Ба фикри мардуми атроф ту доим фарбеҳи бад, лоғар, қадпаст ё хеле баланд ва ҳоказо ҳастӣ. Туро то охири умр ғайбат мекунанд, барои ин бояд тарзе зист, ки ту мехоҳӣ", - навиштааст Зулайхо дар саҳифааш дар Instagram.

1213
Барчаспҳо:
зиндагӣ, Тоҷикистон, Зулайхо Маҳмадшоева