Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Тайфун, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон дар иҳотаи тӯфони азими "Факсай" - навор

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0