Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ: “Азия плюс”, “Газпром”, Комбинати шир беҳтаринанд

849
(Таҷдидшуда 13:56 31.10.2019)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор, озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе”-ро ҷамъбаст карда, 18 ширкати ғолибро эълон намуд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бар асоси қарори раиси Душанбе, ки котиботи шаҳрдорӣ нашр кардааст, ҷамъияти “Комбинати шири Душанбе” дар бахши истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ, Ширкати  телевизион ва радиои “Азия-Плюс” дар бахши фановариҳои иттилоотӣ беҳтарин дониста шуданд.

Ширкати “Газпром-нефт Таджикистан” дар бахши савдо ва “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” дар риштаи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” пешсаф эълон гардиданд.

Бар асоси қарор, ҷоизаҳоро ба ғолибон худи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе тақдим хоҳад кард.

Дар феҳрасти ғолибҳо инчунин “Тоҷик мебел”– дар бахши истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат, “Техноинвест” – бахши сохтмон, тармим ва таъмир, “Заводи асфалту бетон”, - бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо, “Рамзан Сохтмон”–бахши меъморӣ ва тарроҳӣ, “Рухом” – бахши косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ, ва ҷамъияти “Баракати Сол” – бахши хӯроки умум номбар шудаанд.

Инчунин ҷамъияти  “Торгмаш” – бахши хизмати маишӣ, “Фавз”–дар риштаи хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология, “Тиб барои  Шумо” – риштаи истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ, “Жасмин” – хизматрасонии тиббӣ, “Интер Фитнес” – хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм, “РСМ Тоҷикистон”–номинатсияи хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ, “Кашфиёт Таҳлил Машварат”– фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама ва инчунин ширкати “ТТ Мобайл” дар бахши фановариҳои мухобиротӣ беҳтарин эълон шудаанд.

“MADE IN TAJIKISTAN”. Муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ

Бар асоси қарор, пешсаф миёни соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе “Заводи асфалту бетон” дониста шудааст.

Раиси Душанбе таъкид намудааст, ки пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  шаҳр, амалӣ шавад.

849
Барчаспҳо:
ғолиб, қарор, Рустами Эмомалӣ, озмун, Тоҷикистон