Национальный банк Таджикистана, архивное фото

БМТ: тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дар салоҳияти Бонки миллӣ нест

228
(Таҷдидшуда 15:33 02.11.2019)
Ахира Бонки миллии Тоҷикистон дар як баёнияи худ эълон кардааст, ки рӯйхати шахсони ба терроризм алоқамандро Бонк тартиб намедиҳад, чунки он аз ҷониби мақомоти дахлдоре, ки бар зидди терроризм мубориза мебрад муайян карда мешавад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон рйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз тарафи мақомоти дахлдор тартиб дода мешавад ва ба Бонки миллӣ танҳо барои дар сомона ҷойгир намудан пешниҳод карда мешавад.

Тавре масъулини бонки миллӣ қайд намудааст, рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби мақоми ваколатдори субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда муайян гардида, баъдан мутобиқи Тартиб таҳия гардида ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қавонин танҳо барои дар сомона ҷойгир намудан пешниҳод карда мешавад.

“Тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дар салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон нест”, - зикр намудааст бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамзамон БМТ қайд намудааст, ки Тартиб мутобиқи талаботҳои Қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ), Гурӯҳи тадбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ба роҳ монда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати нави "афроди алоқаманд ба терроризм"-ро нашр кард, ки дар он ному насаби  наздик ба 2 ҳазору 400 нафар ба назар мерасад.

228
Барчаспҳо:
мубориза, ваколатдор, мақомот, Бонк, терроризм, рӯйхат, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ

Сахт андӯҳгин шудем: ҳамдардии Ёдгор Файзов бо хонаводаи Назарбегим Муборакшоева

34
(Таҷдидшуда 18:27 12.07.2020)
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аҳли хонавода ва ёру дӯстони Назарбегим Муборакшоева изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита бо даргузашти ходими сиёсӣ ва чамъияти Назарбегим Муборакшоева бо аҳли хонаводааш изҳори таслият кардааст.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ аз марги нобаҳангоми ходими сиёсӣ ва чамъияти, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ Назарбегим Муборакшоева сахт андўҳгин буда, ба пайвандон, хешу ақрабо ва наздикони марҳум изҳори тассалият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳон аст", - омадааст дар таъзияномае, ки мақомоти ВМКБ нашр кардааст.

Назарбегим Муборакшоева ходими сиёсӣ ва чамъияти, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, дар синни 68 - солагӣ аз олам даргузашт.

Назарбегим Муборакшоева 7 марти соли 1952 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси ограном хатм кардааст.

Соли 1991 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. 

Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада Муборакшоева чун сарагрономи колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон кор карда пасон дар бахшҳои гуногуни партиявӣ ва раҳбари шӯъбаи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон фаъолият кардааст.

Аз соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Пасон ба ҳайси муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.

Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм буд. Ӯ аз ҳавзаи 1-уми ВМКБ ба ҳайси вакил интихоб шуда буд. Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

Узви Шӯрои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ. 

Аз моҳи марти соли 2007 то 15 апрели соли 2008 раиси шаҳри Хоруғ буд.

34
Барчаспҳо:
даргузашт, ВМКБ, ҳамдардӣ
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ

299
(Таҷдидшуда 18:28 12.07.2020)
Назарбегим Муборакшоева имрӯз, 12 июл аз олам даргузашт. Ӯ ходими сиёсӣ ва чамъиятӣ, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Назарбегим Муборакшоева ходими сиёсӣ ва чамъияти, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ дар синни 68 - солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора журналист Улфатхоним Маҳмадшоева дар фейсбук дар гурӯҳи Pamir news хабар додааст.

Назарбегим Муборакшоева 7 марти соли 1952 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси ограном хатм кардааст.

Соли 1991 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. 

Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада Муборакшоева чун сарагрономи колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон кор карда пасон дар бахшҳои гуногуни партиявӣ ва раҳбари шӯъбаи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон фаъолият кардааст.

Аз соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Пасон ба ҳайси муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.

Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм буд. Ӯ аз ҳавзаи 1-уми ВМКБ ба ҳайси вакил интихоб шуда буд. Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

Узви Шӯрои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ. 

Аз моҳи марти соли 2007 то 15 апрели соли 2008 раиси шаҳри Хоруғ буд.

299
Барчаспҳо:
Хоруғ, шаҳр, раис, собиқ, ВМКБ, даргузашт
Денежные купюры

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

0
Иқтисодшиносон тавзеҳ доданд, ки арзиши доллар ва рубл дар моҳи август аз кадом омилҳо вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Феълан бозори асъори ҷаҳониро вазъи пандемияи коронавирус идора мекунад, гуфтааст коршинос  Марк Гойхман дар мусоҳиба бо "Российская газета".

"Сенарияи неки арзиши рублу доллар аз паси сар шудани давраи тезу тунди пандемия, хусусан дар Аврупо вобаста аст. Он дороиҳои хатарнокро тамоми ҳафтаи равон, аз ҷумла аксияҳо, нафт ва рублро дастгирӣ мекард. Аммо охири ҳафта афзоиши сирояти коронавирус ба бозор бетаъсир намонд", - гуфт коршинос.

Ӯ таъкид бар рекорди нави афзоиши сирояти коронавирус дар Амрико, Чин, Ҷопон ва Австралия кард.

"Ду тамоюли короновирусии бо ҳам муқобил, бо ҳам пайваст шуда, раванди таҷаммӯи дороиҳои хатарнокро суст карданд, ки байни онҳо рубл низ ҳаст. Онҳо дар мувозинати заифе монданд", - тавзеҳ дод вай.

Коршинос тахмин мезанад, ки рӯзҳои наздик барои рубл тағйирот меоранд. Сабаби асосӣ дар вазъи номаълуми натиҷаҳои рӯйдодҳои ахир ва вазъи бозор мебошад.

Бино бар пешгӯии коршинос, ҳафтаи сеюми июл доллар метавонад ба 68,9 то 72,5 рубл баробар шавад, евро 78,3-81,6 рубл хоҳад шуд. 

Ба арзиши рубл дар моҳи август панҷ омил таъсир мерасонанд, мегӯяд Гойхман.

Аввалинаш, ба гуфтаи вай, ба анҷом расидани давраи пардохти дивидентҳо аз ҷониби ширкатҳои русӣ ба анҷом мерасад. Дувум, мегӯяд коршинос, табдили фоидаи рубл ба асъор аз ҷониби саҳмдорони бузурги аксияҳои русӣ дар хориҷ мебошад.

"Пас аз коҳиши нархи калидӣ Бонки марказии Русия тадриҷан даромаднокии сармоя ба авроқи қарзии Русия аз ҷониби шахсони ғайри муқимро кам мекунад, ки ин омили севум аст", - афзудааст иқтисодшинос.

Ба гуфтаи ӯ, омили чорум аз ҷониби Бонки марказӣ кам шудани фурӯши асъор бо роҳи "қонуни буҷавӣ" мебошад. 

Ва дар охир, омили панум, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ бо далели воридоти амволи хориҷӣ пас аз карантин мебошад, афзуд вай.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Марк Гойхман боварӣ дорад, ки ин панҷ омил боиси поён рафтани арзиши рубл мешавад.

"Дар моҳи август арзиши доллар метавонад ба 73-74 ва арзиши евро ба 82-83 рубл баробар шавад", - мегӯяд коршинос.

0