Раисҷумҳури Қирғизистон вазъ дар марзи Тоҷикистонро шарҳ дод

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз сабабҳои аслии муноқишаҳо дар марз – қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи раисҷумҳур дар вилояти Ботканд 10 -12 минтақаи баҳснок мавҷуд аст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи (нишонагузорӣ) идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки низоъҳои мунтазам, ки дар атрофи маконҳои баҳснок ба вуҷуд меоянд, асосан аз ҳисоби об, замин, роҳҳо ҳастанд.

“Дар вилояти Ботканд 10-12 минтақаи баҳснок вуҷуд дорад. Нахуствазирони ду кишвар мулоқотро идома доранд. Дар ин бора ҳам иродаи сиёсӣ ҳаст ва ҳам фаҳмиш. Ҳар ду тараф дар мавқеъи худ сахт истогарӣ доранд. Муовинони нахуствазирони ду кишвар ҳоло ба ин кор омодагӣ мегиранд. Вақте, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вохурем ин масъаларо ҳал хоҳем кард”, - гуфт Жээнбеков.

Вай илова кард гуфтушуниди марзӣ аз осонӣ ба душворӣ меравад.

Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Номаи эътирозии Тоҷикистон ба Қирғизистон барои тирпарронӣ дар марз

Сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 504 километр делимитатсия ва демаркатсия карда шудааст.

Низоъҳои мунтазам, ки дар атрофи маконҳои баҳснок ба вуҷуд меоянд, асосан аз ҳисоби об, замин, роҳҳо ҳастанд. Аз оғози соли 2019, беш аз 10 ҳодиса, аз ҷумла ҳалокати одамон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ба қайд гирифта шудаанд.

Дар муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон,  шаби 16 - уми сентябри соли равон рух дод. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон карда, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0