Ҳавопаймои ширкати рӯсӣ баъд аз нишасти изтирорӣ дар Тошканд, ба самти Душанбе парвоз кард

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои ширкати "Уралский авиалиния", ки самти Маскав - Душанбе парвоз медошт, бо сабаби номусоид будани обу ҳаво ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Тошканд нишаст ва пас аз панҷ соати интизорӣ боз ба самти Душанбе парвоз кард

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Уралский авиалиния" ки аз Маскав - Душанбе парвоз мекард ва ба сабаби обу ҳавои номусоид дар фурудгоҳи Тошканд ба таври изтирорӣ нишаста буд, соати 10:45 боз ба самти Душанбе парвоз кард.

Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб дар Тошканд

Қаблан намояндагони ширкати "Уралский авиалиния" хабар дода буданд, ки ҳавопаймои ширкат дар фурудгоҳи Тошканд нишасти изтирори анҷом дод. Қарор буд, ҳавопаймои мазкур соати шаш саҳар дар фурудгоҳи Душанбе фуруд меомад.

Сабаби нишасти ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд, ин обу ҳавои номусоид дар пойтахт будааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати "Уралский авиалиния"  танҳо соати 10:45 ба самти пойтахти Тоҷикистон парвоз кард. ҳангоми нишасти изтирори ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо мунтазир парвоз шуданд.

Ёдарс мешавем, ки ҳафтаи гузашта ҳавопаймои ширкати "Уралский авиалиния" , ки дар хатсайри Маскав - Кӯлоб  парвоз мекард пас аз анҷоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Тошканд, пас аз муддати тулони ба парвози худ идома дод.

Ҳавопаймо бинобар номусоид будани вазъи ҳаво оҷилан дар фурудгоҳи Nошканд нишаст, вале пас аз мусоид шудани ҳаво низ ба идомаи парвоз шурӯъ накард, чун пас аз муоинаи ҳавопаймо мушкили техникӣ дарёфт карда шуд.

Гуфта шуда буд, ки ҳавопаймо дар хатти садамавӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0