Российские военные в Таджикистане потушили пожар  в жилом доме на окраине Душанбе

Сӯхтор дар меҳмонхонаи нотамоми “Исмоили Сомонӣ” дар маркази шаҳри Душанбе - навор

874
(Таҷдидшуда 13:07 04.11.2019)
Имрӯз дар маркази Душанбе дар бинои нотамоми меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” ба коми оташ рафт

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Имрӯз, дар пойтахти Тоҷикистон дар  бинои меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127 сӯхтор сар зад, иттилоъ додааст, хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ додааст. 

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ҳоли ҳозир сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ, ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Кормандони оташнишонӣ дар ҷои ҳодиса фаъолият доранд.

Ёдрас мешавем, ки бунёди иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб давом дорад, тибқи нақша иншооти мазкур бояд то охири соли 2020 ба истифода супорида шавад.

Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи панҷситорадор 15-уми марти соли 2006 оғоз шуда буд. Буҷаи умумии сохтмони ин иншоот дар он давра 30 миллион долларро ташкил дода буд.

874