Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон ба Швейтсария ва Фаронса сафар кард

520
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз пас аз иштирок ва суханрониаш дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба Конфедератсияи Швейтсария ва Фаронса сафар кард

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Фаронса сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино бар иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар матлабе, ки сомонаҳои расмии Тоҷикистон нашр кардаанд ар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Швейтсария, Чехия ва Фаронса боздид кунад.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо масоили амниятӣ, таҳкими ҳифзи сарҳад, тиҷорату иқтисод ва ҳамкориҳо дар бахши маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ менамояд.

520
Барчаспҳо:
Фаронса, Швейтсария, сафар, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон