Жители идут по снежной каше, снег убирают плохо

Меғ, барф ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

592
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, борон  меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад ва ҳаво барои корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид буда, омадани сел аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 5-6 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ меғ (туман) мефарояд. 

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  борон ва барф  ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7    ва рӯзона 6+11 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва   рӯзона    1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр барф меборад. Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.   Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона  8+10  дараҷа гарм мешавад.

592
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, меғ мефарояд, борон, барф
Свадьба, архивное фото

Дар Хатлон талоқ камтар шуд

4
Дар вилояти Хатлон камшавии теъдоди талоқ ба қайд гирифта шуд: аммо ба ин нигоҳ накарда, бештар аз 1,6 ҳазор кӯдак бе падар ва ё модар монданд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Омори талоқ дар вилояти Хатлонро сармутахассиси САҲШ Ҳуронбӣ Мирсаидзода дар мусоҳиба бо "Фараж" ироа кардааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар Хатлон 1770 хонавода пош хӯрдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 202 адад камтар аст.

Намояндаи шӯъбаи минтақавии САҲШ гуфтааст, ин нишондодро бо тақвият бахшидани фаҳмондадиҳии арзишҳои оила байни ҷомеа иртибот додааст.

Аз шумораи умумии оилаҳо 1391 бо қарори суд, 376 бо ризоияти зану шавҳар, ки кӯдакони ноболиғ надоранд ва 3 оилаи дигар бо хоҳиши яке аз онҳо  ҷудо шуданд.

Дар Душанбе шумораи издивоҷ ва талоқ коҳиш ёфтааст

"Пас аз пошхӯрӣ ин хонаводаҳо 1646 кӯдак танҳо бо яке аз волидон: 10 нафар зери тарбияи падар ва боқимонда бо модар монданд", - гуфт Мирсаидзода.

4
Пожилая женщина

Марги мармузи пиразани 69 - сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

133
Чун дари пиразан чанд рӯз боз маҳкам буд, ҳамсояҳои ӯ ба дафтари КҲФ тамос гирифта, дархост намуданд, ки имдодгарон омада дари бастаи зани 69 - соларо боз кунанд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфт шудани ҷасади зани 69 - сола дар манзили зисташ, хабар медиҳад.

Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, ҳамсояҳои кампири 69 - солаи рус ба идораи КҲФ тамос гирифта, изҳор доштанд, ки дари ҳамсояи пирашон чанд рӯз боз маҳкам аст.

"Ҳамсояҳо аз он бим доштанд, ки пиразан шояд мариз шуда бошад. Ӯ танҳо ба сар мебурд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, наҷотбахшон ба маҳалли ҳодиса, кӯчаи Деҳоти 58 ҳозир шуда, дари пиразани танҳоро тавонистанд кушоянд. Аммо, аснои ворид шудан ба хонаи ӯ, ҷисми беҷонашро дар рӯи кати хоб пайдо намуданд.

Манбаъ меафзояд, иллати марги пиразан номаълум буда, наҷотбахшон ҷасадашро барои дақиқ намудани сабаби фавт, ба мақомоти марбута таслим намуданд.

133
Барчаспҳо:
ҳалок, пиразан, Душанбе