Город Душанбе, архивное фото

Қатъи корҳои таъмирӣ: дар Душанбе дигар барқро хомӯш намекунанд

218
(Таҷдидшуда 12:10 06.11.2019)
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки корҳои таъмирӣ ҳамакнун ба анҷом расиданд ва минбаъд сокинони пойтахтро бе барқ нахоҳанд монд

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik.  Давоми ду моҳи ахир, Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бинобар гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ, дар баъзе ноҳияҳои пойтахт интиқоли неруи барқро маҳдуд мекарданд.

Акнун тибқи эълоне, ки дар сомонаи Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе нашр гардидаст, интиқоли неруи барқ ба хонаи сокинони пойтахт дигар маҳдуд  намешавад.

Барқкушӣ дар Душанбе: бархе кӯчаҳои пойтахт боз бе барқ мемонанд

Манбаъ меафзояд, танҳо дар ҳолати рух додани садамаҳои техникӣ, эҳтимол интиқоли неруи барқ қатъ мегардад. Зимнан Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бо нашри ин  хабар, аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват ба амал овардаст, ки саривақт маблағи истифодаи неруи барқро пардохт намоянд. 

Инчунин, манбаъ барои сокинони ҳамаи ноҳияҳо, телефонҳои бовариро нашр намудаст, ки дар сурати зарури метавонанд тамос бигиранд.

Барқкушӣ: имрӯз боз кадом кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд?

Ёдовар мешавем, ки қаблан Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе барои омода шудан ба мавсими тирамоҳ - зимистон корҳои таъмирву профилактикиро баргузор мекард ва барои ин кор дар баъзе аз ноҳияҳои Душанбе интиқоли неруи барқ аз соати 9:00 то 16:00 қатъ мегардид.

218
Барчаспҳо:
барқ, Душанбе
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

78
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

78
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон
Гипермаркет Ашан в Душанбе, архивное фото

Сигоркашӣ дар ҳоҷатхонаи занона: сабаби сӯхтор дар Ашан маълум шуд

1706
(Таҷдидшуда 21:59 07.07.2020)
Омили сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол" маълум гардид. Маъмурияти фурӯшгоҳ мегӯяд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, ба сӯхтор оварда расонд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона пас аз дуд задан пурра хомӯш нашуда буд, ба оташсӯзӣ дар бузургтарин фурӯшгоҳи пойтахт "Душанбе - Мол" оварда расонд. Дар ин бора маъмурияти фурудгоҳ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар доданд.

"Сӯхтор ба иллати дар ҳоҷатхонаи занона дар ошёнаи сеюм хомӯш нагардидани сигор сар задааст", - гуфта мешавад дар сафҳаи расмии ин марказ дар Фейсбук.

Қайд гардидааст, ки кормандони маркази савдо фавран барои хомӯш кардани сӯхтор чораандешӣ намуданд. Аммо дуд тавонист тавассути вентилятсия то қабатҳои поён ва ҳатто то таваққуфгоҳ паҳн шавад.

Маъмурияти марказ таъкид намуданд, ки дар зудтарин фурсат "Душанбе - Мол" ба қабули муштариён шурӯъ мекунад.

1706
Барчаспҳо:
маркази савдо, сӯхтор