Хуҷанд: Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Ифтитоҳи маркази боҳашамати хизматрасонӣ дар Хуҷанд ва дастури Аҳмадзода ба соҳибкорзан

284
(Таҷдидшуда 12:03 06.11.2019)
Дар шаҳри Хуҷанд соҳибкорзан Моҳинисо Ҳакимбоева, ки солиёни зиёд бо тиҷорати пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул аст, маркази боҳашамати хизматрасонӣ бунёд кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ба муносибати 25 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии "Масири олӣ" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии "Масири олӣ" аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Моҳинисо Ҳакимбоева, ки солиёни зиёд бо тиҷорати таҷҳизоти ороишии хона, аз ҷумла пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул аст, бунёд гардидааст.

Гуфиа мешавад, ки дар таҳхона ва ошёнаи якуми бинои мазкур мағозаи фурӯши мебелҳои истеҳсоли Туркия ва як қатор кишварҳои Урупо ҷойгир буда, бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон гардонида шудааст.

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фурӯши пардаҳои дӯхти муосир, ки асосан истеҳсоли кишвари Туркия мебошад, ҷойгир карда шудааст.

Ҳамзамон дар қисмати рости бино сехи хурди дӯхти пардаҳо низ фаъол буда, соҳибхоназанҳои маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши дастрас таъмин карда шудаанд. Маҷмуъан наздик 20 нафар сокинони шари Хуҷанд бо баробари истифодабарии он бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Қарор аст, ки дар ошёнаи 3-4–уми бинои мазкур меҳмонхонаи муосир бунёд карда мешавад, ки дар як вақт барои беш аз 50 нафар хизмат расонида мешавад.

Дар ҳамин ҷо Раҷаббой Аҳмадзода ба 4 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат туҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим кардааст.

Роҳбари вилоят ин ҳама тадбирҳои ободониро самараи сиёсати одилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуда, таъкид доштааст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ соҳикборони ватанӣ доимо дастгирӣ меёбанд ва дар самти мубодилаи молу коло бо хориҷи кишвар тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раҳбарияти муассиси маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии "Масири олӣ" дастур додааст, ки бо истифода аз имконот коргоҳи нави истеҳсоли мебелҳои ҳозирамонро бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ бунёд намоянд.

284
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, меҳмонхона, Хуҷанд