Туман, акс аз бойгонӣ

Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

152
(Таҷдидшуда 09:23 07.11.2019)
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ туман мефарояду дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати шабонаи қабати болоии хок 0-3 дараҷа хунукиро ташкил мекунад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, шароити обуҳаво барои нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид пешгӯӣ мешавад.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад, хабар дод “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ илова намуд, ки ҳаво дар вилояти Суғд тайирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

152