Сейсмограф. Архивное фото

Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод

952
(Таҷдидшуда 13:53 07.11.2019)
Маркази заминҷунбӣ дар 379 километр қисмати шарқи Душанбе, 157 километр қисмати шимол-шарқи Хоруғ ва 77 километр қисмати ғарби Мурғоб рух додаст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод, иттилоъ додааст California Earthquake Authority.

Бино бар иттилои манбаъ, заминҷунбӣ соати 6:12 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Заминҷунбӣ муҳлати зиёде идома накардааст.

Заминҷунбӣ Роғунро такон дод

Қувваи заминҷунбӣ дар марказ 4,3 баллро ташкил дода, дар умқи 124 километрии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар қаламрави Боғи миллии Тоҷикистон наздикии Қуллаи Сарез рух додааст.

Данные о землетрясениях в Таджикистане с сайта www.emsc-csem.org
Данные о землетрясениях в Таджикистане с сайта www.emsc-csem.org

Заминҷунбӣ дуртар аз макони зисти аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Заминҷунбӣ дар 379 километр қисмати шарқи Душанбе, 157 километр қисмати шимол-шарқи Хоруғ ва 77 километр қисмати ғарби Мурғоб рух додаст.

Ду заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат Душанберо такон дод

Пештар ду заминҷунбӣ дар қаламрави Қазоқистон ба қайд гирифта шуда буд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ маълумоте ба даст наомадааст.

 

952
Барчаспҳо:
такон, такони замин, Мурғоб, Душанбе, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото

Шӯрои уламо дар бораи закот ва миқдори он: ба кӣ бояд дод?

6
(Таҷдидшуда 11:07 04.06.2020)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани нисоби закот ва миқдори он, посух гуфтааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Як чанд корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар хостаанд дар бораи закот, миқдори он ва дар кадом вақт ба чи кас онро супорид посух диҳад.

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад.

Шӯрои уламо гуфтааст, пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

“Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад.Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.

6
На рынке Панчшанбе, архивное фото

Анҷоми таътили “вируси корона”: тоҷирони бозори “Панҷшанбе” сари кор баргаштаанд

117
(Таҷдидшуда 11:34 04.06.2020)
Даҳҳо нафар савдогарони калонтарин бозори Хуҷанд “Панҷшанбе” бо гузашти ду моҳи таътили пешгирии “вируси корона” дубора сари кори худ баргаштанд

ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Ғаниҷон Почоев, раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди тақрибан ду моҳи таътил аксар тоҷирони ошёнаҳои якум ва дуюми бозор корро оғоз кардаанд.

“Дирӯз беш аз шаст дарсади савдогарони ошёнаи дуюм ба кор баромаданд ва қарор аст, то чанд рӯзи дигар ҳамаи дукондорони бозор ба кори худ идома диҳанд. Ҳоло дар ошёнаи якум қариб навад дарсади савдогарон ба фурӯши меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввала ба кор шурӯъ кардаанд”, гуфт Почоев.

Раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” гуфт, ба далели хуруҷи бемории “вируси корона” як моҳ қабл, аксар соҳибкорон бо пешниҳоди ариза ба унвони идораи нозироти андоз боздошти муваққатии молиёт (патент) и худро тақозо намуда, ба таътил баромада буданд.

Бино ба таъкиди Почоев, ҳоло баъди ба эътидол омадани вазъи хуруҷи ин беморӣ, соҳибкорон дубора бар асоси санади дар дастдоштаи худ метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд.

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳандозии корҳои безараргардонии саҳну атрофи ин бозор хабар дода, афзуд, ки масъулони сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятии кроновируси нави COVID-19 ва таъмини солимии шаҳрвандонву фурӯшандагон гирди атрофии бозорро безарар гардонида, корҳои назоратиро ба иҷро расонидаанд.

“Панҷшанбе” и Хуҷанд аз зумраи калонтарин бозорҳои пушидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ шумурда мешавад, ки дар соли 1964 бунёд шудааст. Ба таъкиди нафарони солдида, ба рӯзи панҷшанбеи ҳафта рос омадани нахустин рӯзи кори он, ба номи бозор асос гузошта ва минбаъ ин калонтарин бозори маркази вилояти Суғд “Панҷшанбебозор” номида шудааст.

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

Бозори мазкур аз ду ошёна иборат буда, фаъолияти он шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар айни ҳол наздики 1300 соҳибкор дар он фаъолият мекунад. Қарор аст, калонтарин бозорҳои матоъ ва либосфурӯшии Суғд аз ҷумлаи “Атуш” ва “Сомон” то нимаи моҳи июн дубора ба кори худ шурӯъ кунанд.

117
Барчаспҳо:
тоҷирон, бозор, Панҷшанбебозор, Суғд, Тоҷикистон