“Аз замин мерӯянд, ё аз осмон мерезанд”: ДОИШ дар Сарипул пойгоҳ хоҳад сохт?

© AP / Rahmat GulОфицер полиции в Афганистане, архивное фото
Офицер полиции в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як вакили парлумони Афғонистон мегӯяд, тайи як ҳафтаи охир даҳҳо хонаводаи ҷангиёни ДОИШ – и зодаи Осиёи Марказӣ ва Русияву Чин ба вилояти Сарипул омадаанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳамидулло Бек, вакили Вулуси Ҷирга, палатаи поёнии парлумони Афғонистон аз вилояти Сарипул ба “Спутник” гуфт, то ин замон 12 хонавода аз Тоҷикистон дар минтақаи Катта Қалъаи вулусволии Сӯзма Қалъа зиндагӣ мекарданд, аммо тайи як ҳафтаи ахир беш аз 60 хонаводаи дигар аз вилояти Бағлон ба ин вилоят омада, дар вулусволии Кӯҳистонот паноҳ бурдаанд.

Вай бо такя ба иттилое, ки аз манбаъҳои худ дар Сарипул ҳузур доранд, мегӯяд, ин хонаводаҳо марбути шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва чеченҳои Русияву ӯйғурҳои Чин мебошанд, ки ба гурӯҳи террористии Давлати исломӣ ё ДОИШ мансубанд.

Директор Федеральной службы безопасности (ФСБ) РФ Александр Бортников, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари “ФСБ” дар ҳузури Ятимов аз хатар ва нақшаҳои “ДОИШ” гуфт

Ба қавли ӯ, онҳо дар пайи амалиётҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Бағлон тариқи кӯҳҳои душворгузари Самангону Балх худро ба Сарипул расонидаанд ва то ба ҳол маълум нашудааст, ки чӣ ҳадаф доранду чӣ кор хоҳанд кард.

Вулусволии Кӯҳистоноти Сарипул аз 20 июли соли 2015 ба ин сӯ пурра таҳти идораи Толибон ва паноҳгоҳи амне барои мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Ҳукумати Афғонистон барои бозпас гирифтани ин вулусволӣ ҷиддан талош ҳам накардааст, зеро он хеле саъбулубур буда, мухолифони мусаллаҳи давлат дар мавқеияти ҷангии беҳтар мебошанд. Ба қавли сокинони маҳал, дар Кӯҳистонот бузургтарин ғорҳо мавҷуданд, ки зарфияти гунҷоиши садҳо нафарро доранд.

Ҳамидулло Бек мегӯяд, Толибон бо кӯмаки ҷангиёни Осиёи Марказӣ аз Кӯҳистонот ба вулусволиҳои Сӯзма Қалъа, Балхоб, Санчорак, Сайёд, Балхоб, Гӯсфандии худи вилояти Сарипул, Кӯҳистону Паштункути вилояти Форёб, Дарзобу Қӯштеппаи вилояти Ҷузҷон ва Зореву Чимтолу дигар вулусволиҳои Балху Самангон нуфуз кардаанд.

Декабри соли 2014 мақомоти вилояти Сарипул эълом дошта буданд, ки ҳудуди 12 зани ӯзбекистонӣ вориди Кӯҳистонот шуда, Толибонро дар бахшҳои коргузории минаҳо, сохти ҷалиқаҳои интиҳорӣ омӯзиш медиҳанд. Пас аз он ки Ҳаракати исломии Ӯзбекистон бо ДОИШ байъъат кард, соли 2015 хабаре расонаӣ шуд, ки писарони асосгузорони ин созмон Азиз Юлдош (писари Тоҳир Юлдош) ва Умар Намангонӣ (писари Ҷумъа Намангонӣ) дар вулусволии Сайёди Сарипул марказ гирифта, барои ДОИШ дар ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Самангону Форёб аз миёни ӯзбекҳои муқими Афғонистон сарбозгирӣ мекунанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

Ҳукумати Афғонистон алайҳи онҳо амалиёти густарда ба роҳ андохт ва аз соли 2018 ба ин сӯ онҳо бедарак шудаанд.

Мунир Раҳимӣ, сухангӯи пулиси вилояти Самангон ба “Спутник” гуфт, ки бино ба додаҳои истихборотӣ, Азиз Юлдош ҳоло дар вилояти Кундуз паноҳ бурдааст ва сарнавишти Умар Намангонӣ маълум нест.

Аммо таъйид ё такзиби ин хабар имкон надорад, зеро худи онҳо низ ҷое аз худ дарак надодаанд. Ҳоло Ҳамидулло Бек ва дигар вакилони Сарипул аз ҳукумат, вазоратҳои дифоъ ва дохилаи Афғонистон тақозо кардаанд, ки ба вазъи Сарипул расидагӣ кунанд, дар акси ҳол, ба бовари онҳо, вилоят суқут хоҳад кард.

“Вазъи Сарипул нигаронкунанда ва шикананда аст. Эҳтимолан Толибон ва ҳамдастони онҳо аз кишварҳои Шимол бо кӯмаки пуштибонони қавии хориҷӣ ва ҳамкоронашон дар ҳукумати Афғонистон дар садади эҷоди як пойгоҳи қавӣ бошанд, то ҷанги Афғонистонро ба сӯи Осиёи Марказӣ кашанд”, – афуд вакили парлумони Афғонистон.

Шоҳмардонқул Муродӣ, хабарнигори мустақар дар Мазори Шариф, ки таҳаввулоти Шимоли Афғонистонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, теъдоди ҷангиёни ДОИШ, ки умдатан аз атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва чечену уйғур иборатанд, дар Сарипул ба ҳадде зиёд мешавад, ки кас намефаҳмад, “онҳо аз замин мерӯянд, ё аз осмон мерезанд”.

Қаблан волии Форёб, вилояти ҳаммарз бо Ӯзбекистони Афғонистон зимни як нишасти хабарӣ эълон кард, ки 40 хонаводаи доишӣ дар вулусволиҳои ин вилоят (Дарзобу Қӯштеппа) ҳузур дошта, дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон ҷо ба ҷо шудаанд.

Ба иттилои вай, ҷангиёни ДОИШ афроди гурӯҳи Толибонро омӯзиш дода, Толибон низ дар бахши таҷҳизот бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: ҳамлагарон “ДОИШ”-иянд, аз Афғонистон ворид шудаанд

Аммо он чӣ дар ин таҳаввулот суолангез аст, фаъолиятҳои ДОИШ таҳти ҳимояти Толибон аст, ки амалан ҳарду созмон душманони оштинопазири ҳамдигар муаррифӣ мешаванд.

Соли 2016 ҳудуди 150 доишӣ дар ҳоли мағлубият аз Толибон ба ҳукумати Афғонистон таслим шуда буданд, то ҷону моли худу хонаводаҳояшонро наҷот дода бошанд.

Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи нерӯҳои 209 – и “Шоҳин” – и вазорати дифоъи Афғонистон, ки масъулияти ҷанг бо Толибон ва ДОИШ дар 5 вилояти Шимол – Балх, Ҷузҷон, Форёб, Сарипул ва Самангонро ба зимма дорад, ба “Спутник” гуфт, нозирони маҳаллӣ дар шинохти равобити Толибон ва ДОИШ иштибоҳ мекунанд:

“Онҳо ҳар хориҷиеро, ки диданд, гумон мекунанд, доишӣ аст. Ҷангиёни хориҷӣ бо барномаи Толибон амал мекунанд ва ҳадди ақал, нишон намедиҳанд, ки доишӣ ҳастанд. Доишиҳое, ки ду соли қабл ба ҳукумат таслим шуданд, афғонӣ буданд. Толибон ба афғониҳо ҳассосият нишон медиҳанд, аммо хориҷиҳоро барои худ хатар ҳисоб намекунанд, балки онҳоро барои бароварда кардани барномаҳои худ истифода мебаранд”.

Ин масъули вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, мавҷудияти ҷангиёни ДОИШ – ро дар шимоли Афғонистон рад намекунад, аммо зарфиятҳои онро барои эҷоди кадом пойгоҳ ё ҷабҳаи қавӣ алайҳи ҳукуматҳои кишвару минтақа хеле заиф арзёбӣ мекунад.

Аммо паёми ӯ ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин ин аст, ки бо Толибон аз эҳтиёт кор гиранд, зеро маҳз онҳо пуштибони мухолифини мусаллаҳи ин кишварҳо мебошанд ва оянда инро собит хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0