Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб

Дар Кӯлоб бинои нави таълимии коллеҷи милитсия ифтитоҳ ёфт

84
(Таҷдидшуда 19:46 07.11.2019)
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик бинои нави таълимии коллеҷи милитсияро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимии коллеҷи милитсия ифтитоҳ ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи бинои нави колеҷ ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода иштирок намуданд.

Рамазон Раҳимзода курсантони коллеҷро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ, ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи ва Рӯзи милитсия самимона табрик намуд.

 Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон” бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, таъсис дода шудааст.

“Коллеҷи мазкур мутахассисони воҳидоти таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омода намуда, хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ давоми 3 ва 4 сол ба таълим фаро мегирад”, таъкид намудааст манбаъ.

Коллеҷи милитсия дорои хобгоҳ барои 441 нафар, ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷаҳҳаз бо маводу ашёи зарурӣ буда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар охир курсантони фаъол ва гурӯҳи ҷавонони “Авангард” бо мукофотҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

84
Барчаспҳо:
милитсия, коллеҷ, ифтитоҳ, таҷлили Рӯзи милитсия, Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Рамазон