Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV

Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

724
Дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шоҳзода Карим Оқохони IV мулоқот кард ва масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оғохон оид ба рушд”-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Фаронса Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оқохони IV мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оқохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ кард.

“Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳоро дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, муҳокима карданд”, - таъкид намудаааст манбаъ.

Инчунин зимни мулоқот тарафҳо дар самти рушди иқтисодӣ ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Ташкилоти Оқохон оид ба рушд, алалхусус тавассути Хазинаи Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва ширкатҳои ҷамъиятию хусусии он дар Тоҷикистон, махсус таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф, баррасӣ карда шуд.

724
Барчаспҳо:
Шоҳзода Карим Оқохони IV, мулоқот, Фаронса, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Оқохон, Тоҷикистон