Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе

ДОИШ масъулияти ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро бар уҳда гирифт

1095
(Таҷдидшуда 12:55 09.11.2019)
Гуруҳи террористии ДОИШ ё "Давлати исломӣ" эълон кард, дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, даст дорад ва дар ин амалиёт 10 сарбози тоҷик кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ ё “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар қаламрави Русия) рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" масъулияти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, бар уҳда гирифт.

Гуруҳи террористӣ эълон намудааст, ки тирпаронӣ дар марз чанд соат идома ёфта, дар натиҷа даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шуданд.

​Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо ду нафар эълон карда буд.

Аммо ДОИШ нагуфтааст, ки чанд аъзои ин гурӯҳ дар ин ҳамлаи маргбор иштирок намудааст.

Гурӯҳи террористӣ дар яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ навореро ҳам интишор намудааст, ки дар он 6 нафари ниқобпуш зери парчами сиёҳ ба халифи нав, ки ба ҷои Абӯбакр ал-Бағдодӣ интихоб шудааст, савганд ёд мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ охири моҳи октябри соли равон аз сӯи нируҳои амрикоӣ дар Сурия нобуд карда шуд.

Бояд қайд кард, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд. Аз сарбози ҳалокшудаи панум  Ғаниҷони Давлат ном бурда шуд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон феълан расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.

1095
Барчаспҳо:
кушта, марз, Ишқобод, Рӯдакӣ, ҳамла, ДОИШ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Кордкашӣ дар бозори Исфара: ҷавони 27 -сола падару писарро захмӣ кард

104
(Таҷдидшуда 19:29 17.01.2021)
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти сокини 27 - солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.

Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

104
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, Исфара, боздошт

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

519
(Таҷдидшуда 15:02 17.01.2021)
Дар умум дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзи аксари кишварҳо, сатҳи муҳоҷират дар Тоҷкистон коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.

Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).

Бекорӣ аз байн меравад? Амонзода дар саросари ҶТ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ташкил мекунад

Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.

519
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, муҳоҷират, омор

Афзоиши фавтидагон аз COVID-19 дар Эрон

0
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони вируси  COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

0
Барчаспҳо:
Эрон