Город Душанбе, архивное фото

Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

138
(Таҷдидшуда 20:40 12.11.2019)
Ожонси ҳавошиносии кишвар ҳавои рӯзи 13 ноябрро офтобӣ гуфтааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо борони кутоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ҳарорати ҳаво рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон то 18 дараҷа гарм мешавад.

Душанбе

Рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорат шабона  1+3°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз қавли Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.

Ноҳияҳои тобеи марказ

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Вазиши шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5°, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Вилояти Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тайирёбандаи бебориш.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 13+15° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд  бориш намешавад, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона  12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  1 - 6° сард, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

ВМКБ        

Ҳавои шаҳри Хоруғ  бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  0+2°, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда ва беборишоти назаррас. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13-15° сард, рӯзона -1+1° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона  - 4+1°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13 - 18° сард, рӯзона -3+2° гарм мешавад.

Вилояти Хатлон

Дар шаҳри Бохтар баъзе ҳолатҳо борон меборад, Шабона 2+4°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

ш. Кӯлоб – Ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3, рӯзона 14+16° гарм мешавад.   

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон баъзан борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  -1+4°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

138
Барчаспҳо:
барои имрӯз, ҳушдори ҳавошиносон, пешгӯӣ
Таджикские милиционеры, архивное фото

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

0
(Таҷдидшуда 12:57 28.05.2020)
Нисбати ронандаи дағал бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзи 22-юми май як ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи "Хундай", рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз  милитсияи пойтахт хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шаванд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод аз қавли муроҷиаткунанда мегӯяд, рӯзи 22-юми май ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштан, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст.

Муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

"Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Самадзода Сомон аломатҳои кирдори майдаавбошона дида мешавад, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба иттилои манбаъ, додгоҳ дар навбати худ рӯзи 23-юми май нисбати ронанда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намудааст.

Ҳамзамон номбурда ҷиҳати  минбаъд ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, таҳқиромез, ВКД, Душанбе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Таъкиди Раҳмон аз паҳншавии коронавирус: қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед

2
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сокинони водии Вахш даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд. Ӯ ба роҳбарон супориш дод, то вазъи муассисаҳои тандурустиро беҳтар гардонанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз сокинони водии Вахш даъват кард, ки оидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибонро риоя кунанд.

"Бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар як шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон менамоям", - гуфт президент.

Ӯ ба роҳбарони водӣ таъкид кард, ки беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ яке аз аввалин вазифаҳои онҳо дар шароити пандемия аст.

"Дар шароити имрӯза, ки паҳншавии бемории коронавирус боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, ҳалли масъалаҳои беҳтар кардани таъминоти муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, имрӯз 28 май президенти Тоҷикистон бо сафари як ба вилояти Хатлон рафт. Боздиди раисҷумҳур аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз ёфт. 

Ӯ бештар таъкид ба истифодаи самараноки замину ҳосилғундорӣ кард.

2