Отключение электроэнергии, архивное фото

Фардо маҳалаҳои Исмоили Сомонии пойтахт бе барқ мемонанд

163
(Таҷдидшуда 18:51 13.11.2019)
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки фардо 14 ноябри соли равон ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар се маҳалҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барқ хомӯш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми маҳалҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳр, фардо  маҳаллаҳои  Чағатай, Армуғон, ва  Шафақи ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон карда буд, ки корҳои таъмирӣ ҳамакнун ба анҷом расиданд ва минбаъд сокинони пойтахтро бе барқ нахоҳанд монд.

Манбаъ қайд намуда буд, ки танҳо дар ҳолати рух додани садамаҳои техникӣ, эҳтимол интиқоли неруи барқ қатъ мегардад. Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бо нашри ин  хабар, аз ҳамаи сокинони пойтахт даъваткарда буд, ки саривақт маблағи истифодаи неруи барқро пардохт намоянд. 

Инчунин, манбаъ барои сокинони ҳамаи ноҳияҳо, телефонҳои бовариро нашр намуда буд, ки дар сурати зарури метавонанд тамос бигиранд.

163
Барчаспҳо:
барқ, таъмир, пойтахт, пойтахт, Исмоили Сомонӣ, Душанбе