Молодеж Таджикистана победила на конкурсе “Робототехника”  в Дубае

Пирузии ихтироъкорони ҷавони тоҷик дар Дубай

271
(Таҷдидшуда 13:53 14.11.2019)
Ихтироъкорони ҷавони тоҷик дар озмуни ҷаҳонии “Роботтехника”, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, бори нахуст дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таълимии вилоят ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалӣ ​ сафарбар гардиданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ба шаҳри Дубайи Парвиз Очилзода – хонандаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд, Нафиса Қобилзода - хонандаи МТҒ “Ирфон”-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон таҳти роҳбарии ​ Фирдавс Ашӯрматов - директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд сафарбар гардиданд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо иштироки намояндагони ​ 197 кишвари олам таи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии “Фестивал Арена Дубай” давом кард. ​

Озмуни ​ ҷаҳонии “Роботтехника” аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар бахшҳои “Робот-инжинеринг” ва “Стратегия” ширкат варзида, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷамбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Тоҷикистон аз бахши “Стратегия” ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид. ​ Дар бахши “Робот – инжинеринг” даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд қайд намудааст, ки дастовард аввалин комёбии хонандаҳои мактаби кишвар дар ​ сатҳи ҷаҳонӣ доир ба ин ришта маҳсуб мегардад.

Инчунин, муваффақияти дигари дастаи Тоҷикистон ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии “First global” шомил шудани он мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, ин амр имкон медиҳад ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя намоянд.

Ҳамзамон дар рӯзи ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар маросими ҷамъбасти озмун даъват гардида, ​аз ҷониби намояндаи кишвари Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё “Эмар”-и шаҳри Дубай ва “The first group”-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид.

“Дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати мақбул дониста шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд”,- зикр кард манбаъ.

271
Барчаспҳо:
Дубай, озмун, робот, ихтироъкорӣ, ихтироъкори тоҷик, тоҷик
Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: ду мусофири "Тайота - Карола" ҷон бохтанд

33
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду мусофири автомашинаи "Тайота - Карола" анҷомид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ"  дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Нуриддинов Шуҳрати 32 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", таҳти идораи Муродов Иброҳими 37 - сола сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи "Тайота - Карола" Қамишев Нуриддини  54 - сола ва Эмомқулов Алиҷони 28 - сола аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

33
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, роҳ
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

351
(Таҷдидшуда 12:26 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Муҳлати резидентӣ дар Тоҷикистон  7 сол аст.

Президенти кунунии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1994 инҷониб дар ин вазифа аст.

351