Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевРека вдоль границы с Афганистаном, архивное фото
Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Дар шарқи ВМКБ то -14 дараҷа хунук мешавад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Шаш пешниҳоди Раҳмон дар Аврупо ва бозгашт: аз таъсиси Бунёд то кумакхоҳӣ

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0