Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори нави Ҳукумат дар бораи гумрук: аз пуркунии буҷа то номгузории Раҳмон ба порахӯрҳо

7243
(Таҷдидшуда 10:53 18.11.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи гузориши Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук аз бурду бохти кори ин мақомот, моҳи равон қарори махсуси Ҳукуматро имзо намуд, ки ба ислоҳи кори гумрукчиён равона шудааст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои қарори Ҳукумат, раёсати Хадамоти гумрукро барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф карда, дастур додаст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар мубориза бо фасодкориро бештар кунанд.

Буҷет иҷро намешаваду қасрҳои мансабдорон бунёд мегарданд

Эмомалӣ Раҳмон дар қарори ҷадидаш роҳбарияти гумрукро вазифадор кардааст, ки нақшаи пардохтҳо ба буҷаи соли 2019-ро саривақт иҷро намуда, муайянсозии арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиётро беҳтар назорат кунанд.

Пештар раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он, ки буҷаи давлат иҷро намешаваду қасрҳои масъулини гумруку андоз бунёд мешаванд, нигаронӣ кард.

“Буҷет мегӯем, иҷро нашуд. Ин қаср аз куҷо пайдо шуд? Чихел корманди гумрук, ду сол кор накардааст, 10-15 хона, 6-7 мошини хориҷие, ки ҳамааш ҳаштод ҳазор долларӣ. Аз куҷо меёбад? Се-чор зан. Ин якум ҳодиса нест, ин анъана шуда рафта истодааст”, - изҳор дошта буд Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони гумрук, андоз ва молия.

Қарор аз 1 ноябр: монеаҳои маъмурӣ бартараф шаванд

Банди дигари қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон 1 ноябр имзо кард, ба бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ ҳангоми содироту воридот ва транзити мол робита дорад. Раёсати Худамоти гумрук дастур гирифтааст, ки ҳолатҳои содироту воридоти ғайриқонуниро бартараф кунанду танзими бахшро тақвият бахшанд.

Қаблан раисиҷумҳур аз он интиқод кард, ки мақомдорони гумрук бо қочоқи ҳазорҳо тонна бор миллионҳо маблағи давлатро мегиранд. Ба гуфтаи Раҳмон, мошинро ҳатто намекушоянд бо талаби сад ҳазор барои вуруд  иҷозат медиҳанд.

“Дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар. Дар ҳуҷҷат мехчаю болту гайка, вақте мекушоянд дар ҳамаи се мошин мол, матоъ, либос аст”, - иттилоъ дода буд Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук ва бонкҳо.

Супориш барои роҳандозии “Равзанаи ягона”

Дар қарори Ҳукумат бо мақсади содагардонӣ ва таъмини шаффофияти назорату барасмиятдарории гумрукӣ супориш дода шудааст, ки Хадамоти гумрук якҷоя бо мақомоти дигар низоми электронии “Равзанаи ягона” ва истгоҳи ягонаро роҳандозӣ намояд.  Инчунин дастур дода шуд, ки мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, пешгирии қочоқи мол пурзӯр карда шавад.

"Нанотехнологияи тоҷикӣ": номгузории Президент ба порахӯрҳо

Дастур барои роҳандозии низомҳои ҷадиди технологӣ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, низоми фасодкорие, ки дар бахши қочоқи мол роиҷ шудааст, “нанотехнологияи тоҷикӣ” унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ муосиртарин технологияҳоро “мехӯрад”.

Раисиҷумҳур дар исботи ин иддао аз гузаргоҳи гумрукии “Панҷи поён” зикр кард, ки гарчанде бо муосиртарин технология муҷаҳҳаз шудааст, тавассути он ҳазорҳо тонна бор тариқи қочоқ ба фоидаи ҷайби сардори гузаргоҳ ва сарҳадот гузаронда мешавад.

“Ду роҳи қочоқ вуҷуд дорад. Якум вақте як мошин мегузарад, камера сабт мекунад.  Рақамҳои мошини гузаштагиро гирифта дар мошинҳои дуюму сеюм насб мекунад.  Дар асл ду мошин гузашт, аммо як мошин сабт мекунанд. Роҳи дигар вақте дар дидбонгоҳ мол ворид мешавад, дар терминал бо соҳиби мол забон як карда, арзиши онро дигар мекунанд ва чи хеле хоҳанд нарх мегузоранд”, - нақл карда буд Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар.

Раисиҷумҳур яке аз омилҳои афзоиши фасодкориро беҷазоӣ хонда, муҷозоти шадиди мансабдорони фасодкорро талаб кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қарори ҷадидаш роҳбари Хадамоти гумрукро вазифадор намуд, ки ҳар семоҳа аз корҳои анҷомдодааш дар ин бахшҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш пешниҳод кунад.

7243