Милиционеры на дороге, архивное фото

ВКД тирпаронӣ дар Левакандро таҳқиқ дорад

1576
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳона миёни ду гуруҳ дар ҷамоати Гулистони шаҳри Левакандро таҳқиқ дорад

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тирпаронӣ дар ҷамоати Гулистони шаҳри Левакандро тасдиқ кард, аммо аз ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ намуданд. 

Ҳамчунин сухангӯи ВКД тасдиқ кард, ки дар ин задухӯрд як нафар захмӣ шудааст.

“Ҳар ду тараф аз силоҳи травматикӣ истифода карданд. Онҳо иддао доранд, ки барои ин гуна силоҳ иҷозатнома доранд. Дар ҳоли ҳозир аз маҷруҳ шудани як нафар хабар дорем. Ҳоло кормандони ВКД ин ҳодисаро таҳқиқот доранд. Ҷузъияёти бештар дар бораи ин ҳодиса баъд аз таҳқиқот хабар хоҳем дод”, - гуфт сухангӯи ВКД Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ифшои ному насаби нафароне, ки дар ин тирапронӣ иштирок карданд худдорӣ кард.

“Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки дар ин ҳодиса киҳо иштирок карданд. Таҳқиқот идома дорад” – зикр кард ВКД Тоҷикистон.  

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷузъиёти бештари ин ҳодиса танҳо пас аз таҳқиқот хабар дода мешавад.

1576
Барчаспҳо:
таҳқиқ, Леваканд, мусалаҳона, задухӯрд, Вазорати корҳои дохила, Тоҷикистон