Комплексная экспедиция Института физики Земли имени О. Ю. Шмидта АН СССР в Таджикистан, в которой советские и американские ученые вместе работают над прогнозированием землетрясений. Американский ученый Роберт Вессон. Гармский район.

Ҳайати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба Душанбе меояд

42
(Таҷдидшуда 14:26 19.11.2019)
Рӯзи 23 ноябр ҳайати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик Сергей Королёв барои гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ ба Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории АМИТ “Ховар”, ҳангоми вохӯрии ҳайатҳо иқтидори илмию техникии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад.

Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҳамзамон масъалаҳои амалии ташкили нақшаи мушаххаси кори муштарак ва татбиқи марҳилавии он баррасӣ мегарданд.

“Дар соҳаи илми муосир яке аз масъалаҳои мубрам - ин татбиқи самарабахши натиҷаҳои илмӣ дар амалия ва истеҳсолот мебошад. Бо ин мақсад Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон пайваста ҳамкориро бо ҳамкасбони хориҷӣ тавсеа медиҳад”, — иттилоъ доданд аз Пажӯҳишгоҳ.

Манбаъ қайд намудааст, ки қаблан,  14-20 сентябри соли 2019 роҳбари озмоишгоҳи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физика ва техника   А.Тоиров аз Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв (Донишгоҳи Самара) -и Россия  дидан намуд. Баъди боздиди моҳи октябри соли равон байни Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои ҶТ ва  донишгоҳи номбурда Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

42
Барчаспҳо:
Душанбе, Академияи илмҳо, илм, олимон, Тоҷикистон