Уничтожение наркотических средств в Таджикистане

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон маҳкум шуданд

157
(Таҷдидшуда 17:49 19.11.2019)
Додгоҳи Узбакистон ду шаҳрванди Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддир дар Самарқанд ба 12 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Додгоҳи Узбакистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои қочоқи афюн дар ҳаҷми калон маҳкум кард, иттилоъ додааст хабаргузории Podrobno.uz.

Пешниҳоди Раҳмон ба СҲШ: ташкили маркази ягонаи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Узбакистон, ҷиноят ҳанӯз моҳи июни соли равон содир шудааст.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон афюн дар ҳаҷми калонро дар халтаҳои пластикӣ гирифта, бастабандӣ карданду дар баки бензини мошини ВАЗ-2111 пинҳон намуданд. шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд бо маводи мухаддир сарҳади кишвари ҳамсояро убур кунанд.

Дар маҷмӯъ қочоқчиён дар минтақаи Самарқанд ҳангоми фурӯши маводи мухаддир бо арзиши 20 ҳазор доллар дастгир шуданд.

Нисбати ҳолати мазкур ВКД Узбакистон нисбати ду шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Марзбонҳои Тоҷикистон аз қочоқи 64 килуграм маводи мухаддир пешгирӣ карданд

Додгоҳи ноҳияи Ургенчи Узбакистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон айбдор дониста онҳоро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамин тавр ин ду шаҳрванди Тоҷикистон 12 соли оянда дар зиндони Узбакистон хоҳанд монд.

157
Барчаспҳо:
шаҳрванди Тоҷикистон, маҳкум, зиндон, маводи мухаддир, фурӯш, Узбакистон, Тоҷикистон