Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Қарори нави Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид

1460
Қарори раиси шаҳри Душанбе барои тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи парчам ба тасвиб расид

 

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Қарори нави раиси шаҳри Душанбе бобати таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ ба тасвиб расид, хабар медиҳад агентии Ховар.

Манбаъ меафзояд, тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, рӯзи  22 ноябр дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва 24 ноябр дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегардад.

Консерту ҷавонони парчамбадаст: таҷлилди рӯзи парчами давлатӣ дар Душанбе

Зимнан, шаҳрдори Душанбе  муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои  шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор намудааст.

Дар  Тоҷикистон 22 - юми ноябр Рӯзи парчами давлатиро таҷлил мекунанд. Ин рӯзро дар кишвар расман аз соли 2009 ҷашн мегиранд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. 

Имрӯз дар Тоҷикистон 26-умин солгарди Парчами давлатӣ таҷлил мегардад

Соли 2012 дар маркази Душанбе Боғи парчами миллӣ бунёд гардид, ки онро парчами миллии Тоҷикистон оро медиҳад. Баландии сутунпояи он 165 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳиҳо боғҳои парчам бунёд ба истифода дода шуда истодааст.

1460
Барчаспҳо:
тасвиб, қарор, Рустами Эмомалӣ