Беасос ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд: ишораи Раҳмон бар заъфи мақомоти судиву тафтишотӣ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПредседатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори
Председатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқоте, ки фаъолияти даҳсолаи судҳои Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта шуд, риоя накардани қонунгузорӣ аз сӯи мақомоти судӣ ва тафтишотиро зикр кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар ин мулоқот, ки раҳбарони Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ, вазоратҳои корҳои дохиливу адлия, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва раисони судҳову судяҳои тамоми навоҳиву вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд, Эмомалӣ Раҳмон омори қобили мулоҳизаеро пешниҳод намуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолият ва дониши пасти судяҳо дар Тоҷикистон

Раҳмон: бо қабули Конститутсия дар Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид

Раисҷумҳур гуфт, санадҳои қабулкардаи судҳо аз номи давлат бароварда мешаванд, бояд ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқат ва барои барқарор шудани адолат мусоидат кунанд, аммо бо вуҷуди талошҳо барои беҳсозии сифати санадҳои судӣ тайи даҳ соли охир судҳои болоӣ беш аз 6,5 ҳазор санади судиро бекор кардаанд.

 “Бекоршавии санадҳои судӣ дар судҳои умумӣ нисбат ба соли 2009 2,3 ва дар судҳои иқтисодӣ 3,5 баробар кам шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда нест, зеро судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба хатоӣ роҳ диҳанд ва парвандаҳоро бояд дар доираи талаботи қонунҳои моддиву мурофиавӣ баррасӣ ва ҳал намоянд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои ӯ, тайи солҳои солҳои 2009 - 2019 судҳои умумӣ қариб 95 ҳазор парвандаи ҷиноятиро ба баррасӣ гирифтаанд, аз ин теъдод ҳарчанд 610 парванда алайҳи 891 нафар ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст, 466 парванда аз мақомоти тафтиши пешакӣ ба судҳо барнагаштаанд.

Таджикистан. День Президента республики - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи президент: чӣ гуна Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сулҳ овард - навор

“Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби судҳо 635 судшавандае, ки дар ҳабс қарор доштанд, бо таъини ҷазоҳои ғайриҳабсӣ аз ҳабс озод карда шудаанд, ки на ҳамаи ин ҷазоҳо асоснок мебошанд”, - гуфт раисҷумҳур. Раисҷумҳури Тоҷикистон пеш омадани чунин вазъро ба кори мақомоти тафтишотӣ рабт медиҳад.

Ба қавли ӯ, қонунгузории мурофиавии ҷиноӣ аз додситон, муфаттиш ва таҳқиқбаранда талаб мекунад, ки барои ҳамаҷониба ва пурраву холисона баррасӣ кардани ҳолатҳои кор такя ба фармудаҳои қонун кунанд ва дар як вақт ҳолатҳои ошкоркунанда, сафедкунанда, сабуккунанда, вазнинкунанда ва асосҳои ҷавобгарии айбдоршавандаро муайян намоянд.

 “Мутаассифона, ин талаботи қонун аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ на ҳама вақт риоя мегардад. Дар баъзе мавридҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон халалдор гашта, онҳо беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ва дар натиҷа дар мурофиаҳои судӣ айби эълонгардида исботи худро наёфта, аз ҷониби судҳо ҳукми сафедкунанда бароварда мешавад”, гуфт раисҷумҳур бо изҳори таассуф.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Шаш пешниҳоди Раҳмон дар Аврупо ва бозгашт: аз таъсиси Бунёд то кумакхоҳӣ

Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд-акс

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон аз соли 2009 то 2019 судҳо 121 ҳукми комилан сафедкунанда бароварданд, ки аз ин 62 нафар бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва 59 нафар ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ марбутанд. 13 нафар бо парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ва 138 нафар бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ҷамъ 151 нафар қисман сафед шудаанд.

Дар умум тайи 10 соли охир мақомоти судӣ як миллиону 722 ҳазор парвандаи судиро баррасӣ кардаанд, ки аз ин шумора 40 ҳазору 500 парванда ба судҳои иқтисодӣ мансубанд.

Лентаи хабарҳо
0