“Судяҳои коррупсионер”: 24 мард, 1 зан... дар даҳ сол

Обуна шудан
Маҳкумияти 24 судя, аз ҷумла як зан ва 16 корманди дастгоҳҳои судҳои Тоҷикистонро тайи даҳ соли ахирро Эмомалӣ Раҳмон як вазъи “бисёр нигаронкунанда ва боиси ташвиш” хонд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раисҷумҳур гуфт, онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд.

Председатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори - Sputnik Тоҷикистон
Беасос ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд: ишораи Раҳмон бар заъфи мақомоти судиву тафтишотӣ

Вай андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда” – ро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти судӣ унвон карда, аз раҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ тақозо кард, ки “бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун ҷиҳати тоза намудани мақомот аз шахсони ношоиставу тасодуфӣ, ки метавонанд ба шаъну эътибори мақомоти судӣ иснод биёранд, чораҳои қатъӣ андешанд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбаташ рӯи камбудиҳои судяҳо, аз ҷумла сатҳи пасти таҳияи санадҳои судӣ, дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ангушт гузошта, гуфт, ин ҳол “боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ” шудааст.

Вай ҳамчунон риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, беасос таҳия шудани ҳалномаҳои калонҳаҷми душворфаҳм, саривақт ва дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳо, беасос ва бидуни баррасӣ монондани аризаҳо аз сӯи бархе судяҳоро низ зикр кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолият ва дониши пасти судяҳо дар Тоҷикистон

“Масъалаи дигаре, ки диққати кормандони мақомоти судии кишвар ба он ҷалб карда мешавад, муносибати дағалонаи баъзеи онҳо бо муроҷиаткунандагон ва дар ин замина зиёд шудани арзу шикоятҳо мебошад. Чунин рафтор ба шаъну шарафи судя ва мақомоти судӣ иснод меорад. Судя бояд бо фарҳанги баланд, гуфтору рафтори худ ва риояи одоби намояндаи ҳокимияти давлатӣ намунаи ибрати дигарон бошад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нӯҳ моҳи соли равон 190 шикоят ба Суди Олӣ ва 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент аз судяҳо ворид шудааст, ки 58 шикоят аз кашолкориҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо, 7 шикоят аз иҷро нагардидани санадҳои судӣ ва 125 шикоят аз беамалии судяҳо ривоят мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳангоми санҷиш қисме аз ин шикоятҳо тасдиқ шудаанд ва чунин шикоятҳо аз судяҳои судҳои иқтисодӣ низ мавҷуданд. Вай аз раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ талаб кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани касбияти судяҳо “чораҳои ҷиддӣ” андешанд ва ҳангоми интихоби кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, “одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро низ ба эътибор гиранд”.

“Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои нангини коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда шуда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад”, - гуфт раисҷумҳур.

Ҷоизаи Нобел: Чаро Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст?

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар судҳои Тоҷикистон 485 судя кор мекунанд, ки 97 нафари онҳо занонанд. Тайи 15 соли ахир бо се фармони раисҷумҳури Тоҷикистон теъдоди кормандони судҳо ба 252 нафар, ба шумули 116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо, зиёд гардидааст.

Маоши судяву кормандони судҳои Тоҷикистон расман эълон нашудааст, аммо бино ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, он давра ба давра зиёд мешуд, чунончи солҳои 2006 ва 2008 ба 40 фоиз, соли 2011 - 100 фоиз ва солҳои минбаъда борҳо аз 15 то 30 фоиз.

Тайи 10 соли ахир бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон зиёда аз 50 судяву корманди дастгоҳи судҳо “барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар татбиқи адолати судӣ” бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0