Работа маршрутных такси, архивное фото

Дар шаҳри Душанбе ҳаракати микроавтобусҳои №13 манъ мешавад

405
(Таҷдидшуда 19:58 21.11.2019)
Шаҳрдории Душанбе эълон намудааст, ки сар аз 26-уми ноябри соли равон ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №13, ки аз мактаби таҳсилоти умумии №61 то маркази савдои “Балх” ҳаракат мекарданд, манъ мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хизматрасонӣ дар хатсайри мазкур тариқи автобусҳои хатсайри №11 ба роҳ монда мешавад.

Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, таъкид намудааст, ки ин иқдом бо мақсади пешниҳоди хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ба мусофирон, кам намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбону кӯчаҳо қабул карда шудааст.

Ҳабси 2 кондуктор дар Душанбе: аз баҳси бақия то мастӣ – видео

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш намудааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои нави муосири хатсайри автобусии №11 истифода баранд.

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ сурат мегирад.

405
Барчаспҳо:
ҳаракат манъ шудааст, автобус, манъ, ҳаракат, Душанбе