Учения Антитеррор 2017 в Душанбе

Ифтитоҳи бинои нави Дастаи махсуси зудамали ВКД Тоҷикистон дар Душанбе

386
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бинои нави Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҷумҳуриро ифтитоҳ карду ба Дастаи чор адад нақлиёти корӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Иншооти навбунёд бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар он утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимӣ ҷой дода шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ғайр аз утоқҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ буда,  он ба аёниятҳои зарурии соҳавӣ, ки барои бозомӯзӣ пешбинӣ гардидаанд,  таъмин мебошад.

 “Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст.

Барои фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар дохили иншооти мазкур хобгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфтааст”, - таъкид намудааст манбъ.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил гардида, гирду атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимиву ҳамешасабз оро дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар саҳни иншоот аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан кард.

Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуд.

“Парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, дар тамоми вазъият имконияти корбариро доранд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр намудааст, ки дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба  Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Тоҷикистон чор адад нақлиёти корӣ тақдим карда шуд, ки барои фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад намуд.

386
Барчаспҳо:
ВКД, ифтитоҳи бинои нав, Душанбе, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон