Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Интиқоди президент ва посухи прокурори генераливу вазири корҳои дохила

1470
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мақомоти тафтишотиро барои омода кардани “парвандаҳои хом” сарзаниш кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи вижа бо мақомоти судӣ ширкат мекард ва дар он Прокурори генераливу вазири корҳои дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳузур ёфта буданд, гуфт, теъдоди назарраси парвандаҳои ҷиноӣ, ки аз сӯи судҳо баргардонида мешаванд, шаҳодати кори ғайриҳирфаии тафтишоти аввалия аст.

“Муфаттиш хатоиҳо содир кардааст. Парванда хом аст. Далелу асосҳои шайъӣ надорад, аз ин хотир, асос шуда наметавонанд ва суд ҳам дар содир кардани ҳукм мушкилӣ мекашад. Чаро нисбати муфаттиш чора намебинед? Инҳо чӣ қадаранд? Бархе муфаттишон 10 – 15 сол боз дар як сохтор кор карда истодаанд. Инҳоро бояд баррасӣ кунем. Камбудӣ кардааст, бинед, кадом муфаттиш, аз кадом раёсат аст, чӣ гуна тафтиш кардааст, ки парвандааш баргаштааст? Бояд чора дид!”, - гуфт раисҷумҳур.

Ин сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як гузориши вижае тариқи телевизиони Тоҷикистон пахш шуд. Интиқодҳои ӯ то ҷое дар суханрониҳои мақомоти тафтишотӣ шарҳи худро пайдо карданд.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, зимни суханронии худ гуфт, ҳолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ аз ҷониби судҳои поёнӣ ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаҳои ҷиноӣ бо дастгирии Суди Олӣ саривақт бартараф карда мешаванд.

“Дар ин давра 82 таъиноти ғайриқонунии судҳо оид ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаҳои ҷиноятӣ бо эътирози прокурорҳо аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда шудаанд. Ҳамчунин бо эътирозҳои прокуророн аз тарафи судҳои болоӣ 280 ҳукми судӣ бинобар сабукии ҳукмҳои содиршуда бекор карда шуданд, ки аз он ба судҳои шаҳру навоҳии Бадахшон 27, навоҳии шаҳри Душанбе – 50, тобеи ҷумҳурӣ – 53, вилояти Хатлон – 54, Суғд – 91 ва судҳои ҳарбӣ – 5 адад рост меояд”, - гуфт прокурори генералӣ.

Юсуф Раҳмон гуфт, дар баъзе мавридҳо аз ҷониби суди марҳалаҳои кассатсионии навоҳиву вилоятҳо ва шаҳри Душанбе эътирозҳои прокурорҳо беасос рад карда шуда, санадҳои ғайриқонунии судӣ бо эътирозҳои назоратии Прокуратураи генералӣ аз тарафи Суди Олӣ бекор карда мешаванд.

Вай дар такя ба омор гуфт, бо эътирозҳои назоратии Прокуратураи генералӣ 47 санади судҳои марҳалаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ бекор карда шудаанд.

“Ҷамъ дар давраи таҳлилшаванда аз ҷониби судҳо 4 ҳазору 317, аз ин 411 эътирози хусусӣ, 1425 эътирози кассатсионӣ, 2481 эътирози назоратӣ ба санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ ва 3 ҳазору 187 адад ё 73,8% - и он қонеъ гардонида шуда, санадҳои судӣ бекор ё тағйир дода шудаанд. Аз ҷумла ба санадҳои судҳои ҳарбӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 176 эътироз оварда шуда, 163 адади он баррасӣ гардида, 116 ё ки 71% қонеъ гардонида шудаанд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба мавзӯъи заъфи тафтишоти қаблӣ баргашта, хулоса кард, ки ин гуна маворид паймадҳои нохуш доранд.

“Садҳо нафар ҳукми сафедкунанда мегиранд. Ҷавоб ва зарари инро кӣ мепардозад? Зарари моддӣ ку як тараф, зарари маъънавиаш чӣ? Муфаттиш бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд!”, - афзуд ӯ.

Интиқодҳои президент аз мақомоти тафтишотӣ бепоя нестанд. Тайи 10 соли ахир даҳҳо шикояту арзи наздикон ва вакилони мудофеъи гумонбаршудагон расонаӣ шудаанд, ки тафтишотро барои тақаллуб ва ё бо роҳи зӯру шиканҷа ба даст овардани эътироф ба ҷиноят муттаҳам кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ниҳодест, ки беш аз ҳама мақомоти дигар ба судҳо парванда мефиристад. Бино ба иттилои расмӣ, соли 2018 мақомоти корҳои дохилӣ қариб 6 ҳазор парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол кардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ маворидеро баршумурд, ки судҳо дар амри баррасии парвандаҳои омодашуда дар мақомоти корҳои дохилӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Вай гуфт, соли 2018 ба давлат 129 миллион сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 92 миллион сомонӣ аз ҷиноятҳо хисорот ошкор кардаанд, ки аз ин дар рафти тафтишоти пешакӣ соли 2018 47 миллион ва 9 моҳи соли ҷорӣ - 48 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

“Дар ин давра 30 парвандаи ҷиноӣ аз тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, ба як парвандаи ҷиноятӣ ҳукми сафед бароварда шудааст. Ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар суд дар ҷодаи таъиноти ҷазо баъзан озод намудан аз ҷазо ва усулият ҳангоми мусодира намудани молу мулки ҳабсшуда ба камбудиҳо роҳ дода шудааст. Алалхусус дар баъзе ҳолатҳо молу мулки ҳабс кардашуда қисман мусодира ё ин ки ба соҳибмулк баргардонида шудааст”, - гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Рамазон Раҳимзода афзуд, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 53 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкунии мамурӣ ба судҳо ирсол шудаанд, аммо дар бархе маворид, на танҳо ҷазои сабук таъин мешавад, балки ҷазои маъмурӣ ва дар баробари он ҷарима низ аз ҷониби дигар мақомотҳо кам карда мешавад.

“Ин ҳолатҳо алалхусус ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ғайриқонунӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, мастӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, ба назар мерасад”, - шарҳ дод вазири корҳои дохилӣ.

Бо он вуҷуд ки мақомоти судӣ дар суханрониҳои прокурори генераливу вазири корҳои дохилӣ интиқод шуданд, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон посухе ба онҳо надод.

Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ машварат дод, ки афроди тасодуфӣ ва нолоиқро дар судҳо муайян ва аз кор хориҷ кунанд. Вақте раисҷумҳур аз ӯ пурсид, ки чӣ мушкил дорад барои анҷом додани ин кор, раиси Суди Олӣ посух дод, ки ҳеҷ мушкил надорад, фақат масъулият зарур аст.

1470
Барчаспҳо:
сабукӣ, ҷазо, парванда, вазир, Тоҷикистон