Тибқи қонуни афв алакай беш аз10 ҳазор нафар озод шуд

© SputnikАмнистия заключенных в Согдийской области
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон аз озодии 10 ҳазору 277 нафар аз зиндонҳои кишвар аз оғози иҷроӣ шудани қонуни ҷадиди афви умумӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раиси зиндонҳои Тоҷикистон, генерал Мансур Умаров эълон намудааст, ки  аз оғози иҷрои қонуни афви умумӣ дар Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар, 10 ҳазору 277 нафар аз зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва додгоҳҳо озод шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.

Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Афв идома дорад: аз муассисаҳои ислоҳӣ дар ноҳияи Ёвону Норак 970 маҳбас озод шуд

Вай таъкид кардааст, ки тайи ин муддат 288 зан, 149 ноболиғ ва 858 нафар,  ки ба иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд озод гардидаанд.

 Ҳамчунин ба гуфтаи вай бар асоси қонуни ҷадиди афви умумӣ барои 6 ҳазору 100 зиндоние, ки ҳукми маҳкумияти боло доштаанд, тахфифи муҷозот тааллуқ гирифтааст.

Раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки мушкили аслии зиндониёни озод шуда, пайдо кардани ҷои кор мебошад.  

Зеро 90 дарсад аз зиндониёне, ки мавриди афв қарор гирифтаанд, воҷиди шароити кор мебошанд, ки танҳо 20 дарсад аз ин афрод муваффақ ба пайдо кардани шуғл шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки муҳлати амали Қонуни афв ду моҳ буда, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони маҳкумшуда, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0