Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Ҳушдори БДА ба ронандагону мусофирон: бе зарурат ба сафар набароед

480
(Таҷдидшуда 11:14 23.11.2019)
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВУД Тоҷикистон бинобар номусоидии боду ҳаво ба ронандагон ва мусофирон ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.  Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки аз 22 то 25 ноябр  пастшавии  ҳарорати  ҳаво,  бориши  барфу борон дар назар аст.

"Табиист, ки дар натиҷаи бориши барфу борон  дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, ки  қисми асосии онҳо аз минтақаҳои кӯҳистон  мегузаранд, фаромадани сангпора, лағжиши кӯҳпора ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ аз эҳтимол дур нест", - омадааст дар хабари.

Ронандаҳо дағал, мошинҳо чиркин, мусофирон зиёд: раиси Душанбе 8 камбуди нақлиётро гуфт

Масъулини раёсати мазкур ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон ва ағбаҳо ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.

Зимнан Раёсати Бозраси давлатии автомобилӣ  ҳушдор медиҳад, ки  ронандагон дар ин рӯзҳо  боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш – занҷир, таноб ва дигар лавозимоти зарурӣ бо худ гиранд. Ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, махсусан болопӯши чархҳо диққати махсус дода, ҳангоми дидашавандагии нокифоя аз чароғҳои зиддитуманӣ истифода баранд.

Сардшавӣ ва боришоти барфу борон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поён мефарояд

Ҳамчунин иловатан тавсия дода мешавад, ки безарурат ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.

480
Барчаспҳо:
ронанда, мусофирон, ҳушдор, БДА