День 24 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

70
(Таҷдидшуда 18:57 22.11.2019)
Рӯзи бисту чоруми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ, дар Русия Рӯзи модарон ва дар Амрико Рӯзи дӯстон таҷлил мешавад

Рӯзи 24 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус зиёда аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.

Президент Беларуси Александр Лукашенко
© Sputnik / Валерий Мельников
Президент Беларуси Александр Лукашенко

Соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.

Соли 1969 киштии кайҳонии "Аполлон-12" ба самти Моҳтоб парвоз кард.

Соли 2005 дар шаҳри Алмато Анҷумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон доир гардид.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.

© Sputnik / Vladimir Ivanov
Самолет Ту-154

Соли 2010 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 — метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25 — солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ доир шуд.

Соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии "Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор" доир шуд.

Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи  амалигардии барномаи "Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" гузаронида шуд.

Соли 2014 доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Парчами давлатӣ.
  • Дар Русия - Рӯзи модарон.
  • Дар Амрико - Рӯзи дӯстон.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1939-1984) – адабиётшинос Назира Қаҳарова.

Соли 1942 – Ҳунарманди халқии Сайрам Исоева.

Актриса Марьям Исоева
© Sputnik Амир Исаев
Актриса Марьям Исоева

Соли 1947 – рӯзноманигор ва нависанда, сармуҳаррири "Курер Таджикистана" Муҳаммадҷон Тоштемиров.

Соли 1950 – хабарнигори Шаҳбозхон Саркориев.

70
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон