Город Душанбе зимой, архивное фото

КҲФ: имрӯз дар Душанбе боридани барфи пуршиддат дар назар аст

404
(Таҷдидшуда 15:43 24.11.2019)
Ҳавои рӯзи якшанбеи Тоҷикистон боз ҳам боронист. Рӯзи якшанбе дар кишвар боз боридани борону барф дар назар. Ҳавои сард ҳам тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе борону барфи пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеъи марказ  - низ ҳавои сербориш (борон ва барф) дар назар дошта шудааст. дар баъзе ноҳияҳо барфу борон пуршиддат меборандҲарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дарҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Снегопад, архивное фото
© Sputnik / Владимир Федоренко

Дар шаҳри Хуҷанд низ барфу борон ба амал меояд. Дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 4° гарм хоҳад буд. 

Ҳавои вилояти Суғд  низ боронист, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар водиҳои ин вилоят шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.    

Ҳавои шаҳри Хоруғ  низ абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5° гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб барфи суст меборад.  Дамои ҳаво шабона 11-13°, рӯзона 1-3 дараҷа хунук мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф ҳам дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, дар  шарқи вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа сард мешавад.  

Дар шаҳри Бохтар баъзан борон асту баъзан барф меборад. Дамои ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад

Дар ш. Кӯлоб низ ҳаво абрнок аст, гоҳ борону гоҳ барф меборад. Дамои ҳаво шабона 1+3, рӯзона 3+5° гарм мешавад.   

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист, баъзан борон ва гоҳе барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо бориши пуршиддати барфу борон ҳам пешгӯӣ шудааст. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 + 6 дараҷа рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм мешавад.

404
Барчаспҳо:
ҳавои сард, боридани барф, борони пуршиддат, барф, ҳаво, обу ҳаво, Тоҷикистон