Таможня, архивное фото

Бурду бохти кормандони гумрук: аз иҷрои нақша то содиршавии ҷиноятҳои мансабӣ

667
(Таҷдидшуда 18:18 24.11.2019)
Дар ҷаласаи прокуратураи вилояти Суғд гуфта шуд, ки ҳарчанд кормандони мақомоти гумрук баҳри иҷрои нақшаи пардохти гумрукӣ фаъолияти назаррас нишон додаанд, вале дар ин давра аз ҷониби худи кормандони ин ниҳод як қатор ҷиноятҳои мансабӣ содир карда шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Пардазода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд дар самти иҷрои қонунгузории нақлиёт иттилоъ дод, ки дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ иҷроиши нақшаи ҷамъоварии пардохти гумрукӣ дар вилоят ба андозаи 106, 2 % таъмин гардида, аз ин ҳисоб воқеан ба буҷҷети давлат, 1 милиарду 989 милион сомонӣ ворид карда шудааст, ки 51 милион сомонӣ аз ин ҳисоб, аз нақшаи пешбинишуда барзиёд гуфта мешавад.

Ин масъули прокуратураи Суғд, бо зикри ин рақамҳо аз натиҷаи фаъолияти назарраси кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят ёдовар шуда, вале ҳамзамон гуфт, ки баъзе кормандони ин ниҳод ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ дода, дар ин давра ба содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ даст задаанд.

Пардазода Муҳаммадалӣ аз содиршавии якчанд ҷиноятҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони идораи гумрук ва ҳам мақомоти дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ фаъолиятбаранда иброз намуд.

 “Баъзе шахсони масъули дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, барои ғайриқонунӣ интиқол додани молу маҳсулот худашон мусоидат карда, маҳз барои амалигаштани чунин кирдорҳо аз молинтиқолдиҳандагон бахусус аз шаҳрвандони хориҷӣ маблағҳои пулӣ ба сифати пора талаб карда гирифтаанд”, гуфт ӯ.

 Ин сардори шуъбаи прокуратураи Суғд аз ошкоршавии ҳолати порагирии сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қуштегирмон дар ноҳияи Спитамен, Сайфуров ҳарф зад, ки бар ивази 8000 сомонӣ пора, ваъдаи ба соҳибонаш, шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбакистон расонидани 2000 кило меваи анори дар Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят боздоштшударо кардааст.

“Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолати бо худ гирифтани 8000 сомонӣ аз Раҳматова, ки Сайфуров барои ин кор Султоновро водор кардааст, аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Суғд дастгир гардидааст. Оиди ин ҳолат нисбати Сайфуров тибқи моддаи 247 қисми 3 (қаллобӣ) и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст ва минбаъд номбурда бо ҳукми суд маҳкум гардидааст”, - афзуд Пардазода.

Дар ҷаласаи рӯзи 22 -уми ноябр дар прокуратураи Суғд, ки вазъи иҷрои қонунгузории гумрук дар он муқокима карда мешуд, аз парвандаи ҷиноятҳои мансабии масъулони дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд гуфта мешуд, ки барои ғайриқонунӣ интиқол додани молу маҳсулот мусоидат намудаанд.

Тавре дар ин ҷаласа гуфта шуд, давраи соли 2018 ва 9 моҳи соли 2019, 3 ҳазору 733 ҳолати қочоқи молу маҳсулот дар гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд муайян карда шуда ва аз натиҷаи онҳо 3 576 парвандаи маъмурӣ ва 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 Аз ин шумор 10 парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони идораи гумрук будааст.

667
Барчаспҳо:
мансабӣ, ҷиноят, Суғд, Прокуратура, мақомот, гумрук, Тоҷикистон