Соҳибкоре бо харҷи наздик ба 1,5 млн. сомонӣ маркзи хизматрасонӣ бунёд кард

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкори маҳалӣ дар ноҳияи Айнӣ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маркази хизматрасонӣ бунёд кардааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд соҳибкор Расулов Муродулло дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо пули худаш маркзи хизматрасонӣ  бунёд кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, бинои мазкур дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сохта шудааст.

Истаравшан СИТИ - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ “Истаравшан-ситӣ” сохт

Тавре манбаъ таъкид намудааст, маркази хизматрасонӣ бо харҷи  1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки иншооти ҷашнӣ аз туйхона, мағозаи тиҷоратӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, нуқтаи таъмири асбобхои барқӣ ва меҳмонхона иборат будааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Соҳибкор Абдувоҳид Қулиев бо сарфи 5,5 миллион сомонӣ дар шаҳри Истаравшан Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ” бунёд кард.

Бино бар иттилои манбаъ, бинои истиқоматии баландошёна ва Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ”, дорои 8 ошёна иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0