Пустое кресло

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассис меҷӯяд: маош аз 768 то 936 сомонӣ

832
(Таҷдидшуда 20:16 25.11.2019)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмуни кушода эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мансабҳои холӣ дар шаҳри  дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумуҳрӣ озмун элон намудааст.

Масъулини кумитаи таъкид намудааснд, ки маоши вазифавии мутахассисоне, ки ба кор ҷалб карда мешаванд аз 768 то 936 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар дастгоҳи марказь ба ду мутахассис, дар вилояти Хатлон ба 12 мутахассис, Суғд  ба 7 нафар, дар ВМКБ ба 1 нафар ва дар Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 3 нафар дар Душанбе ба 1 нафар мутахассиси ҳирфаӣ, ки тариқи озмун интихоб мешаванд ниёз дорад. Дар маҷмӯъ ин Кумита ба  26 мутахассис ниёз дорад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки нафароне, ки барои мансаби сардори Шуъба даъво хоҳанд кард бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, чаҳор соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ бошанд.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис, таҳсилоти олии касбӣ, ду сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ лозим будааст.

Аммо барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис таҳсилоти олии касбӣ,  ва як соли собиқаи умумии меҳнатӣ.

Рӯйхати пурраи вазифаҳои холӣ дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шудааст.

832
Барчаспҳо:
21 вазифаи холӣ, вазифаҳои нав, озмун, ҷавонон, кумита, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ

99
(Таҷдидшуда 17:30 12.07.2020)
Назарбегим Муборакшоева имрӯз, 12 июл аз олам даргузашт. Ӯ собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Назарбегим Муборакшоева корманди давлатӣ, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ дар синни 68 - солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора журналист Улфатхоним Маҳмадшоева дар фейсбук дар гурӯҳи Pamir news хабар додааст.

Назарбегим Муборакшоева 7 марти соли 1952 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон ба дунё омадааст.

Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси ограном хатм кардааст.

Соли 1991 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. 

Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада Муборакшоева чун сарагрономи колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон кор карда пасон дар бахшҳои гуногуни партиявӣ ва раҳбари шӯъбаи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон буд.

Аз соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Пасон ба ҳайси муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон кор кардааст.

 

Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм буд. Ӯ аз ҳавзаи 1-уми ВМКБ ба ҳайси вакил интихоб шуда буд. Муовини раиси Маҷлиси миллиии Маҷлиси Олии ҶТ.

Узви Шӯрои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ. 

Аз моҳи марти соли 2007 то 15 апрели соли 2008 раиси шаҳри Хоруғ буд.

99
Барчаспҳо:
Хоруғ, шаҳр, раис, собиқ, ВМКБ, даргузашт
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

54
(Таҷдидшуда 16:33 12.07.2020)
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов се омили асосии пешгирӣ шудани коронавирус дар Тоҷикистонро номбар кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik.  Ба гуфтаи Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ омилҳои асосии пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон ин муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд.

"Маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки ҷумҳурии  мо тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ намояд ва вазиятро ба эътидол оварад", - иброз дошт вай.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров мегӯяд, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст. Ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

Мақомоти ВМКБ овозаи гирифтории Ёдгор Файзов ба COVID - 19 - ро бепоя хонд

"Зеро назар ба таҳлилҳои коршиносони соҳаи тиб бемории COVID-19 ба як бемории маъмулии табдил ёфтааст ва имкон дорад, ки  дуввумбора ҳам хуруҷ кунад. Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксина  аз тарафи  олимони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва ягона роҳи наҷот аз ин он  истифодаи ниқоб ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад",- илова кард номбурда.

54