Сотрудники милиции в Душанбе, архивное фото

Тоҷикистон дар феҳристи Global Terrorism Index 24 зина поён фаромад

288
(Таҷдидшуда 21:03 25.11.2019)
Имсол Тоҷикистон дар феҳристи Global Terrorism Index дар зинаи 50-ум қарор гирифтааст, дар ҳоле, ки соли гузашта ҷумҳурӣ дар мақоми 26 ҷой гирифта буд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тоҷикистон тибқи гузориши Индекси ҷаҳонии терроризм (Global Terrorism Index 2019 — GTI) дар масоили амниятӣ дар миёни 163 кишвар дар зинаи 50-ум қарор гирифтааст.

Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон” дар гузориши қаблӣ, ки аз ҷониби Институти иқтисод ва сулҳ таҳия мешавад, Тоҷикистон дар мавқеъи 26-ум қарор дошт.

Тибқи маълумоти таҳияшуда, ҳодисаҳои ошӯб дар зиндони Тоҷикистон, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт, ба поинравии рейтинги ин кишвар боис гардид.

Тибқи омори расмӣ дар ин ҳодиса 27 нафар, аз ҷумла, 5 посбони зиндон  кушта шуда буданд.

Ҳамчунин, дар гузориши Индекси ҷаҳонии терроризм ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар моҳи июли соли 2018, ки масъулияти онро низ ДИИШ ба зимма гирифт, таъкид шудааст.

Тибқи Индекси ҷаҳонии терроризм дар соли 2018 дар ҷаҳон бар асари ҳамалоти террористӣ 15 ҳазору 952 нафар ҷон бохтаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 15,2 дарсад камтар будааст.

Бештари ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ, Сурия, Покистон, Миср, Конго, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд рух додаанд.

288
Барчаспҳо:
мақом, ҷумҳурӣ, терроризм, феҳрист, Тоҷикистон