Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Саидҷаъфар Усмонзода ба Раҳмон: ба ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ поён диҳед

4568
(Таҷдидшуда 14:25 26.11.2019)
Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар хостааст, ба ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати аскарӣ поён диҳад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ҳар сол ду бор дар Тоҷикистон, дар фаслҳои баҳор ва поиз мақомоти пулис иқдом ба боздошти ҷавонон дар манотиқи мухталифи шаҳр мекунанд, дар ҳоле ки теъдоде аз ин ҷавонон мариз ҳастанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба сомонаи “АКИ пресс”.

Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон идома дод, ин равиш мӯҷиби фирори бештари ҷавонон аз хидмати низомӣ дар Тоҷикистон мешавад ва ҷавонон аз роҳҳои мухталиф рафтан барои кор ба Русияро бар хидмат дар артиш тарҷеҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, аз ин рӯ мушоҳида шуда, ки фарзанди ҳеҷ корманди аршади давлатӣ ба хидмати низомӣ намеравад ва фақат писарони хонаводаҳои фақир ба иҷбор боздошту ба воҳидҳои низомӣ фиристода мешаванд.

Аз дидгоҳи раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон, боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонони тоҷик ба хидмати низомӣ навъе табъиз аст, ки бояд ба ин иқдом поён дод.

Бояд гуфт, ки мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имсол сару садоҳои зиёде ба бор овард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус дар “Facebook” ҳар рӯз видеое, дар бораи дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар боздошти иҷбории ҷавонон аз тарафи маъмурони низомӣ ва милиса ба нашр мерасид.  Дар навор маъмурони низомӣ ва милиса дар кӯча ҷавононро маҷбуран ба мошин бор карда мебаранд.

Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳатмист ва ҷавонони аз 18 то 27-сола бояд дар сафи артиш ва дигар нерӯҳои мусаллаҳ ду сол хидмат кунанд. Истисно барои донишҷӯён, гурӯҳе аз ҷавонони сарпарасти хонавода, соҳиби ду фарзанд, бемор вуҷуд дорад.

4568
Барчаспҳо:
хидмати ҳарбӣ, хидмати низомӣ, ҷавонон, ҳизб, вакил, парлумон, дархост, Эмомалӣ Раҳмон