Компания Мушовир открывает автомобильные маршруты в Узбекистан и Казахстан

Оғози мусофиркашонӣ аз Хуҷанд ба Узбакистону Қазоқистон

326
(Таҷдидшуда 14:09 27.11.2019)
Дар ҳудуди вилояти Суғд мошинҳои ширкати “Мушовир” ва ширкати сайёҳии “Бибитур” ба самти шаҳрҳои Узбакистону Қазоқистон хизматрасонии мусофиркашониро ба роҳ монданд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Барои нухустин бор ширкати нақлиёти мусофиркашонии “Мушовир” дар масири шаҳрҳои Узбакистону Қазоқистон фаъолияташро оғоз намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдом бори нахуст дар таърихи нави ҳамкорию муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамҷавории Тоҷикистону Узбакистон сурат гирифтаст.

“Дар ҳудуди вилояти Суғд автомашинаҳои ширкати “Мушовир” ва ширкати сайёҳии “Бибитур” ба самти шаҳрҳои Узбакистону Қазоқистон хизматрасонии мусофиркашонии қулаю дастрасро ба роҳ монданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ширкати “Мушовир” дар ихтиёри худ беш аз 200 адад автомошинаҳои сабукрави муосир дорад ва ҳамагон дар вақти дилхоҳ метавонанд ба самтҳои гуногуни шаҳрҳои кишварҳои ҳамсояи Узбакистону Қазоқистон сафар намоянд.

Компания Мушовир открывает автомобильные маршруты в Узбекистан и Казахстан
© пресс-служба мэрии города Худжанд
Компания "Мушовир" открывает автомобильные маршруты в Узбекистан и Казахстан

“Арзиши хизматрасонӣ аз ҳисоби масофаи ҳаракат муайян гардида, бо пули милллӣ ҳисобӣ карда мешавад. Алҳол арзиши як километри ҳаракат 1 сомонию 80 дирам муайян шудааст”, - зикр намудааст масъулини ширкат.

Роҳбарияти ширкати “Бибитур” таъкид доштанд, ки аҳамияти умдаи ин иқдом дар он аст, ки сайёҳон аз истифодаи сифатноки хизматрасонии нақлиётӣ бархурдор мегарданд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки ширкати “Мушовир” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди кишварҳои ҳамсоя вобаста ба самти ҳаракат замимаҳои мобилиро ба роҳ мондаанд, ки оид ба нархи роҳкиро ва масири ҳаракат маълумот дода мешавад.

326
Барчаспҳо:
Хуҷанд, Узбакистон, Қазоқистон, ширкат, сайёҳӣ, мусофиркашонӣ, Тоҷикистон, Суғд