Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото

Раҳмон ба Тошканд расид: раисҷумҳурро сарвазири Узбакистон пешвоз гирифт

583
(Таҷдидшуда 20:25 28.11.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов, сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз озими  пойтахти Узбакистон шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз ҷаласаи сарони узви кишварҳои СПАД барои иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба шаҳри Тошкенти Узбакистон сафар кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент доир ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

583
Барчаспҳо:
пешвоз, мулоқот, Тошканд, сафар, Абдулло Орипов, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон