Афганистан

Раҳоии даҳҳо афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон дар пайи Қонуни афв

111
(Таҷдидшуда 09:47 29.11.2019)
Даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Афғонистон дар пайи Қонуни афв аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шуда, ба Ватани хуб баргаштанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе 64 шаҳрванди ин кишвар, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ахиран дар пайи Қонуни афв раҳо шудаанд.

Тавре як манбаъ аз сафорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, аксари афвшудаҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир, убури ғайриқонунии марз ва дигар ҷиноятҳо зиндонӣ шуда буданд. Қонун “Дар бораи афв” моҳи октябри соли равон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон имзо шуда буд.

Ин бузургтарин афв дар таърихи Тоҷикистон арзёбӣ гардид, ки дар баробари ҳудуди 20 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ шуд.

Дар ин миён зиёда аз 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд. Теъдоди дақиқи маҳбусони хориҷӣ то ба ҳол дақиқ нашудааст.  Қаблан хабар дода шуд, ки 5 зиндонии эронӣ ба сафорати Эрон дар Душанбе таслим шудаанд.

Раҳоии маҳбусони хориҷӣ бар асоси моддаи 3 – юми Қонуни авф сурат гирифтааст, ки тибқи он, хориҷиёни маҳкумшуда аз рӯи моддаҳои 130 (1) (тиҷорати инсон), 181 (гаравгонгирӣ), 200 (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир), 237 (авбошӣ), 244 (дуздӣ), 247 (қаллобӣ), 281 (омода ва ба муомила баровардани пул ва коғазҳои қиматнок), 284 (муомилаи ғайриқонунии филизот ва сангҳои табиии гаронбаҳо ё марворидҳо), 307 (1) (даъвати умумӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ), 307 (2) (ташкил ва ширкат дар гуруҳи экстремистӣ), 307 (3) (таъсис ва ширкат дар фаъолияти созмони экстремистӣ), 335 (убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) озод мешаванд.

Ҳамсӯҳбати “Sputnik” дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба далели ворид набудан ба ҷузъиёти мавзӯъ аз ироаи маълумоти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

“Ин афрод ба сафорати Афғонистон дар Душанбе таслим шуданд ва дар ҳамдасти бо мақомти амниятии Тоҷикистон ба кишвари худ интиқол ёфтанд”, - афзуд вай.

Ин бори дуюм аст, ки танҳо соли равон шаҳрвандони Афғонистон ба таври дастҷамъӣ аз маҳбасҳои Тоҷикистон раҳо мешаванд. 28 июли соли равон 80 зиндоние, ки умдатан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доштанд, ба Афғонистон интиқол ёфтанд.

Ин раҳоӣ пас аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Салоҳуддин Раббонӣ, вазири вақти корҳои хориҷии Афғонистон, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе иттифоқ афтод, муяссар шуд.

Тибқи тавофуқи ҷонибҳо Афғонистон муваззаф шуд, ки 8 ва Тоҷикистон 80 зиндониро ба якдигар таслим кунанд. Пас аз чанд рӯи ин мулоқот Афғонистон 8 зиндонии тоҷикро, ки умдатан барои ҳамдастӣ бо созмонҳои террористӣ маҳкум шуда буданд, ба Тоҷикистон таслим намуд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дигар ягон тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон боқӣ намондааст. Истирдоди зиндониён дар пайи як созишномае ҳукми қонунӣ мегирад, ки соли 2010 миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расида, аз сӯи парлумони ҳарду кишварҳо ба тасвиб расидааст.

Соли 2013 Тоҷикистон 14 маҳбусро ба Афғонистон таслим кард. Афғонистон низ чанд маҳбсуро ба Тоҷикистон дод. Тибқи иттилои сафорати Афғонистон, то моҳи июли соли равон дар зиндонҳои Тоҷикистон 214 шаҳрванди он кишвар зиндонӣ буданд, ки бо раҳоии 144 нафар 70 тани онҳо ҳамоно боқӣ мондаанд.

Ҳамсӯҳбати “Sputnik” гуфт, онҳое, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ҷурми сангинтар доранд, аз ҷумла даст ба омоли террористӣ задаанд ё ҳангоми интиқоли маводи мухаддир бо нерӯҳои марзбонии тоҷик вориди даргирии мусаллаҳона шуда, зарари ҷисмонӣ расонидаанд.

 “Онҳое афв шудаанд, ки ҷурми сабук доранд. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон сипосгузорӣ мекунем. Умедворем, бақия зиндониёнро низ таҳвил бигирем ва ба зиндонҳои Афғонистон мунтақил кунем, то хонаводаҳо ва ақорибашон битавонанд ба осонӣ ҳар аз гоҳе аз онҳо дидан намоянд”, - гуфт ин манбаъ.

111
Барчаспҳо:
раҳоӣ, зиндон, Ватан, авф, шаҳрвандон, Афғонистон, Тоҷикистон
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

2187
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

2187
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

599
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

599
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон