Главное управление архитектуры и градостроительства города Душанбе, разработало проект современного многоярусного автопаркинга

Бо қарори Рустам: дар Душанбе таваққуфгоҳҳои 6 қабата сохта мешаванд

899
(Таҷдидшуда 17:17 29.11.2019)
Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳи ҳалли тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахтро дар сохтмони таваққуфгоҳҳои замонавӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи муосири  таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳаро  таҳия намудааст. иттилоъ медиҳад агентии "Ховар".

Бар хабари манбаъ,  дар навбати аввал таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа дар кӯчаю хиёбонҳои сермошини пойтахт сохта мешаванд.

Мақсад аз бунёди  ин таваққуфгоҳҳои муосир таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, бехатарии пиёдагардон, бартараф намудани танбашавии роҳҳои мошингарди пойтахт ва пешгирӣ аз  таваққуфи мошинҳо дар ҷойҳои  муқаррарнашуда мебошад.

Бо қарори Рустам: Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони меҳмонхонаи Ҷунайдулло Азизов оғоз бахшид

Тибқи иттилои манбаъ,  айни ҳол дар шаҳри Душанбе  бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта  сохтмони  намунавии чунин таваққуфгоҳҳо, ки  фаъолияти онҳо  ба таври худкор  ба роҳ монда шудааст, оғоз гардидааст.

Тибқи ин лоиҳа, дар шаҳри Душанбе бунёди  таваққуфгоҳҳои  то 6-сатҳа  барои  нигоҳдории нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

899
Барчаспҳо:
Душанбе, таваққуфгоҳи мошин, қарор, Рустами Эмомалӣ
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

5
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

5
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон
Люди в защитных масках

Сабти 39 мавриди тозаи сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат

375
Дар Тоҷикистон шабонарӯзи ахир 39 мавриди тозаи гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Вазорат мегӯяд, ягон ҳолати фавт сабт нашуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 94 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7745  нафар баробар гардид.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Ҳамзамон, то санаи  8 август дар мамлакат  6528  (84,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

375
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон