Водопроводный кран

Нархи оби нушокӣ дар Хуҷанд боло бурда шуд

226
 Сар аз аволи моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нархи оби нушокӣ ба андозаи 20 % боло бурда мешавад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи оби нушокӣ ба андозаи 20 % боло бурда шудааст.

Тибқи нархномаи нав, ки онро КВДК "Хуҷанобукана" тасдиқ кардааст, сар аз пагоҳ якуми декабр қиммати 1 куб (1 м3) оби нушокӣ, барои аҳолӣ ба 1 сомонию 20 дирам ва ҳаққи хизматрасонии ташноб 0, 80 дирам расонида шудааст.

То ин муддат, арзиши 1 куб оби истифодашуда, барои аҳолӣ 1 сомонӣ ва арзиши хизматрасонии 1 куб хатти ташноб (канализация) 0, 60 дирам муқаррар шуда буд.

Қарори Рустами Эмомалӣ барои болобарии нархи об дар Душанбе

Ба ҳамин тартиб қиммати оби нушокӣ барои ташкилотҳои буҷҷавӣ низ боло бурда шудааст.

Хабаргузории  SugdNews аз қавли масъулини КВДК "Хуҷандобуканал" дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки  сабаби 20 % боло бурдани арзиши хизматрасонии ин корхона, аз гарон шудани нархи нерӯи барқ будааст.

226
Барчаспҳо:
об, нарх, Хуҷанд
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

97
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

97
Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

537
(Таҷдидшуда 20:04 05.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7625  нафар баробар гардид.

"То санаи  5 август  дар мамлакат  6399 (83,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

537
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, омор, тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон