В зале для собраний. Архивное фото

Баррасии мақомоти Спитамен бо фаъолони ноҳия масоили терроризму экстремизм

67
(Таҷдидшуда 12:30 01.12.2019)
Мақомоти ноҳияи Спитамен бо фаъолони ноҳия масоили мубориза бо амалҳои номатлуб, пешгирии терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ноҳияи Спитамен мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо фаъолони ноҳия баргузор шуд, ки дар он вазъи мубориза бо амалҳои номатлуб, пешгирии терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ таъкид намудааст, ки муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ зимни мулоқот дар бораи пешгирии шомилшавии бархе аз шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фаъолияти масъулини ҷамоатҳо дар ин самт, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа  гузориш дод.

Ҳамзаомн манбаъ қайд намудааст, ки прокурори ноҳия Ҳусейнзода Улфат Умед, муовини сардори ШВКД Тоҷикистон дар ноҳия Азимзода Меҳваршоҳ ва дигар масъулин низ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб андешаҳои худро баён намуданд.

“Дар охири кори ҷаласа раиси ноҳия перомуни масъалаҳои баррасишуда вазифагузорӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод”, -таъкид намудааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

67
Барчаспҳо:
ноҳия, маводи мухаддир, экстремизм, мубориза бо терроризм, мубориза, Спитамен
Люди в масках в городе

Вазорат: 851 нафар гирифтори коронавирусанд, 10 ҳазор шифо ёфтанд

242
(Таҷдидшуда 19:21 27.10.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 октябр 10860 ҳолатро ташкил дод.

"Дар як шабонарӯзи охир 58 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10009 (92,1%)  баробар гардид", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон ҷамъан аз маризии COVID- 19 81 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

242
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Подростки

Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

401
(Таҷдидшуда 16:37 27.10.2020)
Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

401
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳамла, корд, Душанбе

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ