Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Авҷи бемориҳо ва афзоиши муроҷиатҳо ба 03

103
(Таҷдидшуда 11:44 02.12.2019)
Масъулони статсияи ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд аз афзоиши муроҷитаи сокинон ва авҷи бемориҳо хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Танҳо дар як ҳафтаи охир, ҳудуди 900 нафар ба далели нотоб шудани вазъи саломатии худ ва авҷи бемориҳо ба табибони ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сардухтури стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ (03) дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин рақам дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ то 20 дарсад зиёд шудааст.

“Рӯзҳои пеш дар як шабонарӯз то 100 муроҷиати мардум ба қайд гирифта мешуд, ҳоло ин шумора то ба 140 нафар мерасад. Сард шудани ҳарорати ҳаво ба хуруҷи як қатор бемориҳо дар миёни сокинон боис шудааст”, - иброз намуд Мирзоҳошимов.

Сардухтури ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, баландшавии фишор, шамолхурдагӣ ва заҳролудшавӣ аз дуди карбон аз зумраи бемориҳое будаанд, ки сокинон ба чунин гирифториҳо, ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Бино ба гуфти масъулин дар ду соҳили шаҳри Хуҷанд, зимнан 11 бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият мекунанд. Бо сард шудани ҳарорати ҳаво, муроҷиати сокинон ба 03 афзоиш меёбад.

103
Барчаспҳо:
беморӣ, афзоиш, муроҷиат, Хуҷанд