Пул нест: интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон қатъ карда шуд

© © SputnikИнформация о платежных системах для перевода денег
Информация о платежных системах для перевода денег - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомҳои интиқоли пули Русия муваққатан фаъолияти худро дар нуқтаҳои пешниҳоди маблағ дар Тоҷикистон қатъ намуданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Баъзе аз низомҳои интиқоли пул фаъолияти худро дар Тоҷикистон муваққатан қатъ карданд, иттилоъ додаанд ба Sputnik Тоҷикистон ширкатҳои интиқоли пули Русия.   

“Интиқоли пул тариқи Western Union муваққатан қатъ карда шуд бино бар гузаштан ба дигар низоми интиқоли пул қатъ карда шуд. Ин чораи муваққати аст, аммо кай ин чора анҷом меёбад маълум нест”, - иттилоъ доданд дар ширкати Western Union.

Бо ҳамин гуна ҳолат дигар низомҳои интиқоли пул низ рӯ ба рӯ шудаанд.

© © SputnikИнформационная брошюра в одном из банков Таджикистана
Пул нест: интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон қатъ карда шуд - Sputnik Тоҷикистон
Информационная брошюра в одном из банков Таджикистана

“Дар ҳоли ҳозир, ҷараёни пардохти пул дар Тоҷикистон тағйир меёбад,ҷараён мустақиман ба дасти Бонки миллии Тоҷикистон супурда мешавад. Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон имконияти гирифтани маблағ нест. Пулҳои интиқолшударо бояд ё тариқи кортҳои бонкӣ ё ба онлайн-ҳамён сурат гирад. Ҳамчунин шахсоне, ки пул интиқол доданд метавоананд, пулҳои интиқолдода бозпас гиранд”,  - таъкид кардааст низоми интиқоли пул “Contact”.

Ҳамзамон хабарнигори “Sputnik” хабар додааст, ки дар филиалҳои бонкҳо мардум ҷамъ омаданд ва наметавонанд пулҳои худро бигиранд. Тибқи маълумот, дар ҳоли ҳозир низомҳои интиқоли пули Western Union, Contact, Юнистрим, "Золотая корона" и MoneyGram фаъолият надоранд.

© Sputnik Вход в банк "Эсхата"
Пул нест: интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон қатъ карда шуд - Sputnik Тоҷикистон
Вход в банк "Эсхата"

Ёдрас мешавпем, ки  Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки аз 3 декабри соли равон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кардменамояд.

“Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд”, - таъкид кардааст БМТ.

Аммо дар рӯзҳои ахир дар баъзе аз расонаҳо хабаре ба нашр расид, ки тақрибан тамоми ширкатҳои интиқоли маблағ ба низоми нави БМТ  ҳамроҳ нашуданд.

Лентаи хабарҳо
0